Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи мудохилаҳо (интервенсияҳо) дар бозори асъори ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини субъектҳои хоҷагидорӣ бо асъори хориҷӣ ва суботи бозор дар ин самт хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти шуъбаи матбуоти БМТ, 19 апрел муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев бо раҳбарони ташкилотҳои қарзӣ машварат доир карда, дар он вазъият дар бозори асъори кишвар баррасӣ шуд.

Нуралиев ба раҳбарияти ташкилотҳои қарзӣ дастур дод, ки илова бар маблағҳои мудохилаи Бонки миллӣ бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳои худ талаботи муштариёни худро бе ягон мамоният бо асъори хориҷӣ қонеъ намоянд.

Гуфта мешавад, тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз самти фаъолияташон, метавонанд дархостҳои худро ҷиҳати харидорӣ намудани асъори хориҷии (доллари ИМА) ғайринақдӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии хизматрасонашон пешниҳод намоянд.

“Ҳангоми пайдо гардидани арзу шикоятҳо доир ба сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла дар самти хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ё беасос нафурӯхтани асъори нақд ва ё бо қурби баланд аз қурби фурӯш муқарраргардида фурӯхтани асъор ва муносибати дағалонаи кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз муштариён хоҳиш карда мешавад, ки оид ба корманди ташкилоти қарзии молиявӣ (бо нишон додани ному насаб ва вазифаи хизматии корманд), ки барои анҷом додани хизматрасонии бонкӣ монеа эҷод менамояд, ба телефонҳои боварии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон бо телефонҳои 44 600 -15 -10, 44 600 -31-03, 44 600 – 15-20 муроҷиат намоянд”, - омадааст дар хабари Бонки миллӣ.

Зимнан зикр шуд, ки БМТ бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъияти бозори дохилии асъорро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, барои таъмин намудани суботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода бурда истодааст.

Қурби расмии БМТ, ки бонкҳои тиҷоратӣ зимни муқаррар намудани қурби худ ба он такя мекунанд, аз аввали соли равон қариб бетағйир боқӣ монд: доллар нисбати сомонӣ ҳамагӣ ба андозаи 0,2%: аз 11,30 сомонӣ дар 1 январ то ба 11,32 сомонӣ дар 20 апрел боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар аксари нуқтаҳои бонкии пойтахт доллару рубл намефурӯшанд. Дар ин нуқтаҳо мегӯянд, айни замон чунин асъор надоранд ва танҳо дар сурати аз ҷониби мизоҷон иваз шудани доллару рубл ба сомонӣ, онро пешниҳод карда метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 16,6% поин рафт: аз 9,69 сомонӣ барои 1 доллар то 11,3 сомонӣ.

Беқурбшавии соли гузашта бар асари тасҳеҳи дукаратаи Бонки миллии Тоҷикистон (нимаи моҳи апрел ва аввали моҳи ноябр) ба вуҷуд омад. Дар Бонки миллӣ ин амалро бартараф кардани фарқият байни қурби расмӣ ва ғайрибонкӣ (“бозори сиёҳ”) маънидод карданд.

Нишондиҳандаи манфии тавозуни савдо (зиёд будани воридот нисбат ба содирот), инчунин афзоиши хароҷоти асъории буҷети давлатӣ барои сохтмони иншооти стратегӣ ва пардохти қарзи давлатӣ аз ҷумлаи сабабҳои асосии болоравии талабот  ба асъори хориҷӣ дониста мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.