Вазорати молияи Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар сарраёсатҳо ва раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, вилоятҳо ва чанде аз шаҳру ноҳияҳо, инчунин воҳидҳои назди Вазорат озмун эълон кардааст.
Ба Вазорати молия дар маҷмӯъ 277 корманд - аз муовини сардор дар сарраёсатҳо то мутахассиси қаторӣ лозим аст.
Маоши якмоҳаи нисбатан баландтар ба доваталаби вазифаи муовини аввали Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорат - 2616,40 сомонӣ (231 доллар) ва пасттарин - ба мутахассиси раёсат - 841,80 сомонӣ (74,4 доллар) пешниҳод шудааст.
Дар сурати доштани собиқаи корӣ ба сифати хидматчии давлатӣ ба маоши вазифавӣ иловапулӣ зам мешавад.
Дар баробари доштани маълумоти дахлдор, довталабон бояд қонунгузории соҳа ва имлои забони тоҷикиро донанд.
Ба довталабоне афзалият дода мешавад, ки “таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷиро донанд ва бо бо компютер кор карда тавонанд, ҳадди ақалл бо барномаҳои Word ва Excеl”.
Аризаҳо бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхаташон дар сомонаи Вазорати молия нашр шудааст, то 21 июн қабул шуда, аз озмун рӯзи 24 июни соли равон натиҷагирӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста