Дар шаҳри Бохтар аввалин бисзнесфоруми кишоварзӣ баргузор шуд, ки дар он меҳмонон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Эрону Украина ва намояндагии USAID иштирок карданд. Меҳмононро аз ҷониби Тоҷикистон муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Хакимзода ҳамроҳӣ карданд. Барои иштирочиённамоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ташкил карданд.
“Ман аз тамоми шарикони рушд, меҳмонони гиромӣ, иштирокдорони форуми байналмилалӣ хоҳиш мекунам, ки ҳаматарафа барои ин пешниҳодҳо якҷоя корбарӣ кунем. Маҳсулоте, ки дар вилоят истеҳсол мешавад аз ҷиҳати экологӣ ва органикӣ ки имрӯз тамоми бозорҳои ҷаҳон тақозо дорад, ҳаматарафа ҷавобгӯ мебошад”, - гуфт дар суханронияш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.
Мутахассисон мегӯянд, маҳсулоти кишоварзии Хатлон нисбати дигар минтақаҳо сифате хосе дорад.
“Дар солҳои охир навъҳои хело зиёд аз хориҷи кишвар ворид карда истодаанд, ки қобилияти содиротӣ доранд. Бинобар ин ман гумон мекунам, ки меваи тару тозаи вилояти хатлон ҳамааш қобилияти содиротиро доро мебошанд. Инчунин дар доираи лоиҳаҳо имрӯз ба коркард ва нигаҳдории онҳо низ аҳамият дода истодаанд”, - гуфт дар мсуҳбат бо “Азия-Плюс” коршиноси масоили кишоварзӣ Сабоҳатулло Музаффаров.
Радивой Лазарович, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ аз Сербистон, бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон аст, вале алакай хулосаҳое дорад ва ба кишоварзони тоҷик тавсияҳое низ медиҳад.
“Маҳсулоти пуррақобатро бисёр дидам, вале ба ҳар ҳол, фикр мекунам барои кишвари шумо доштани як лабараторияи кишварзӣ лозим аст, то маҳсулоте, ки истеҳсол мекунед аз он гузарад ва бе ягон мамоният ба бозори ҷавонӣ роҳ ёбад”, - гуфт ӯ.
Чунин як форум дар шаҳри Бохтар бори аввал аст. Дар ин намоишгоҳ чанд қарордоди нав, аз ҷумла қарордод барои содироти 1000 тонна ангур ба Русия ва содироти пиёз бо арзиши тақрибан 1 миллион доллар ба Қазоқистон имзо шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста