Зиёда аз 150 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон имрӯз, 31 май ба Душанбе меоянд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, ҳайати мазкур аз намояндагони доираҳои тиҷоратии вилоят ва шарҳои бузурги кишвари ҳамсоя иборат аст.

Фардо, 1 июн дар меҳмонхонаи “Хайят Риҷеси”-и шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратии намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Намояндагони тиҷорати ду кишвар масоили амалисозии лоиҳаҳои нави муштаракро баррасӣ намуда, инчунин имзои қарордоду созишномаҳо дар бораи таҳвили молу хизматгузориҳо дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки Душанбе ва Тошканд ният доранд, ки ба ривоҷи савдои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшида, ҳаҷми солонаи онро то 1 млрд доллар расониданианд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.