Масъалаи боздошти 60 мошини боркаш (фура) бо бор барои Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мемонад, хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти хабарии имрӯза.

Ӯ изҳор дошт, ки рӯзи 14 июни соли равон зимни сафари президенти кишвари ҳамсоя ба Душанбе ин масъаларо бо вазири нақлиёти Қирғизистон баррасӣ кардааст.

“Ӯ ваъда дод, ки ба ҳалли ин масъала машғул мешавад, лекин мутаассифона, то ҳол ягон натиҷаи мусбат нест”, - гуфт Азим Иброҳим.

Вазири нақлиёт таъкид дошт, ки миёни ронандагони ин мошинҳои боркаши боздоштшуда танҳо се нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар ҳама боқимонда шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд.

Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳалли масъалаи мазкур тариқи воситаҳои дипломатӣ машғул аст, чунки дар сатҳи вазоратҳои нақлиёт натиҷа ҳосил нашуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки мошинҳои боркаш аз Русия ба Тоҷикистон раҳсипор буданд, лекин дар қаламрави вилояти Ботканд мутаваққиф шуданд.

Қобили зикр аст, ки пеш аз боздошти мошинҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рух дода, дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб даҳҳо нафар ҳалок ва садҳо каси дигар осеб диданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.