Шумори корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар охири нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2319 ададро ташкил дод, ки 96 -тои он аз фаъолият бозмондаанд.

Дар шарҳи ин масъала зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир изҳор дошт, ки ин 96 корхона аз солҳои 90 -уми асри гузашта фаъолият надоштанд, аммо то ҳол дар маълумоти оморӣ ҳастанд.

Вазир гуфт, 25 адади корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, 21-тогӣ - ба сохтмону саноати сабук, 14 корхона - ба саноати мошинсозӣ, 7 адад - ба фаъолияти ноширӣ, 4 корхона - ба саноати истихроҷи ангишт ва 3 адад - ба саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ рост меоянд.

“Ғайр аз ин, - изҳор дошт ӯ. - 467 корхона қисман фаъолият намуданд, зеро мавсимӣ кор мекунанд”.

Ба гуфтаи вазир, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1756 корхона бо иқтидори пурра кор кардаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 78 корхона ва 79 коргоҳи нав таъсис дода шудааст.

Шералӣ Кабир зикр кард, ки иқтидорҳои нави саноатӣ дар саноати хӯрокворӣ (42 адад), саноати сабук (41 адад), истеҳсоли масолеҳи сохтмон (44 адад), мошинсозӣ (24 адад) ва дигар бахшҳо ба фаъолият пардохтанд.

Раҳбарияти Вазорати саноат беамалии чанде аз корхонаҳоро қаблан ба рақобатнопазир будан ё мавҷуд набудани ашёи хом барои истеҳсол, мушкилоти молиявӣ, қарз аз пардохти андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва дигар сабабҳои гуногун рабт медод.

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Кабир хабар дод, ки тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ корхона ва коргоҳҳои саноатии кишвар ба маблағи зиёда аз 16,6 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол караанд, ки 23,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.