Ташаббуси олимони тоҷик дар мавриди таҳияи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ДНС ё худ ИВЛ) комилан аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дастгирӣ мешавад.

“Хеле хуб аст, ки мо бо кӯшиши худ барои ҳалли мушкилоти имрӯз доштаамон талош меарзем", - изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯз, 28 июл вазири саноат ва технолгияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир.

Ӯ зикр кард, ки агар ягон хоҳиш ё талаботе аз ҷониби Вазорати саноат лозим бошад, он пурра қонеъ карда хоҳад шуд.

"Боиси хушнудист, ки дар давраи пандемия намояндагони илми мо ба саҳмгузорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд", - гуфт Шералӣ Кабир.

Дар ҳамин ҳол, вазир илова намуд, ки то ин дам аз ҷониби олимон вобаста ба истеҳсоли саноатии чунин дастгоҳҳо ягон муроҷиат ё дархосте нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуоти рӯзи 27 июл изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон аввалин дастгоҳи нафасдиҳии сунъии шушро, ки олимони ватанӣ моҳи майи соли гузашта сохта буданд, такмил доданд.

Ӯ зикр кард, ки дастгоҳи аз ҷониби олимони тоҷик таҳияшуда дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе муваффақона аз озмоиш гузашт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.