Аз 27 августи соли равон дар як ҳафта аз Тоҷикистон ба Русия ва баръакс 14 парвози мустақим анҷом идода мешавад. Дар ин бора, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба “Азия плюс хабар дод.
Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ба ғайр аз ин, аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд ва Кўлоб ба фурудгоҳҳи байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шаванд.
Икром Субҳонзода гуфт, ки бо зиёд гардидани парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хатсайрҳои мунтазам арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ паст гардида, дастраси мусофирон мегардад.
Аз ин пештар дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе дар як ҳафта 4 парвоз анҷом дода мешуд
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пештар, расонаҳои русӣ бо такя ба Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия хабар дода буданд, ки ин кишвар аз 27 августи соли равон шумораи парвозҳои мустақимашро ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Он замон Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон гуфта буд, ҳоло чизе маълум нест.
Хабаргузории “ТАСС” навишта буд, ҳафтае 7 парвоз аз Маскав ба Бишкек ва Душанбе имконпазир хоҳад шуд.
- Илова бар ин, аз як қатор шаҳрҳои Русия ба пойтахти Қирғизистон ва инчунин аз Русия ба фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар як ҳафта як парвоз иҷозат дода мешавад, - навишта буд хабаргузории мазкур.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Паймонкори қазияи ҳалокати муҳоҷирон дар чоҳи обрави Маскав ҳабси хонагӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста