Сардори Раёсати танзими монополияҳои табиии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон Ҳабиб Абдуллозода дар шарҳи болоравии арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки он ба як қатор сабабҳои воқеӣ (объективӣ) вобаста аст.

Ӯ зикр кард, ки дар аксари кишварҳои содиркунандаи минтақа камбуди сӯзишворӣ ва мутаносибан болоравии нархи он ба мушоҳида мерасад, ки табиист, ба нархгузорӣ дар кишваро мо низ таъсир мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, нархи фурӯши истеҳсолкунандагони ин мавод аз оғози соли равон тақрибан 60% боло рафт: аз 385 доллар барои 1 тонна дар моҳи январ то ба 615 доллар дар моҳи август.

Абдуллозода изҳор дошт, ки болоравии нисбатан баланди арзиши яклухти гази моеъ тайи ду ҳафтаи ахири моҳи июл ба андозаи 120 доллар ба мушоҳида расид.

Ҳамчунин, ба қавли вай, арзиши боркашонӣ тариқи роҳи оҳан асосан аз ҳисоби интиқоли бор бо роҳҳои оҳани Қазоқистон (ба 21 доллар) низ афзуд.

“То ин замон дар он ҷо коэффисиенти пасткунандаи муваққатӣ амал мекард”, - шарҳ дод номбурда.
Сурат: Asia-Plus

Ғайр аз ин, таъкид дошт намояндаи Хадамот, Вазорати энергетикаи Қазоқистон ба корхонаҳои коркард дастур дод, ки бинобар сабаби камбуди гази моеъ дар бозори дохилии ин кишвар, содироти ин навъи сӯзившориро муваққатан қатъ намоянд.

“Дар ин ҳолат, дастрасии мустақими таҳвилгарон ба корхонаҳои коркард мушкил шуда, гирифтани маҳсулот тариқи миёнаравон ба арзиши ниҳоии он таъсири манфӣ мерасонад”, - иброз дошт ӯ.

Илова бар ин, идома дод намояндаи Хадамот, қисмате аз сӯзишворӣ аз Қирғизистон ҳамсоя оварда мешуд, лекин бо сабаби рӯйдодҳои маълуми охири моҳи апрел, ин кишвар якҷониба сарҳадҳояшро бо Тоҷикистон баст.

Абдуллозода зикр кард, ки 93% аз ҳаҷми умумии гази моеъ нимсолаи аввал аз Қазоқистон, 6% - аз Ӯзбекистон ва қисмати боқимонда - аз Русия ва дигар кишварҳо ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

Ӯ таъкид дошт, ки нархгузорӣ ба фурӯши чакана дар ҷумҳурӣ зери назорати ҳамарӯзаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ қарор дорад, то ки ба ба болоравии беасоси нархи маҳсулот роҳ дода нашавад.

Роҳи ҳалли мушкилро меҷӯянд

Ба гуфтаи ӯ, барои ба эътидол овардани вазъ дар бозори дохилии сӯзишворӣ, айни замон ҳукумат як қатор тадбирҳоро баррасӣ дорад, аз ҷумла роҳандозии воридоти гази моеъ аз Туркманистон ва афзоиши ҳаҷми интиқоли ин навъи маҳсулот аз Ӯзбекистон.

Дар ҳамин ҳол Абдуллозода гуфт, дар бозори дохилии фурӯши чаканаи Ӯзбекистон низ камбуди гази моеъ ба мушоҳида расида, Туркманистон сӯзишвориро бо ҳаҷмҳои бузург дар баржаҳои ҷаҳонӣ мефурӯшад ва ширкатҳои таҳвилгари Тоҷикистон ба харидани он бо ин ҳаҷм имкон надоранд, зеро ба ҷуз доштани маблағи кофӣ, дар нигаҳдориву ва фурӯши он низ мушкилиҳо пайдо мешаванд.

“Гуфтушунидҳо ҷараён дошта, интиқол аз ин ҷо танҳо баъди ҳалли масъалаи мазкур оғоз шуда метавонад”, - афзуд номбурда.

Абдуллозода илова кард, ки қариб ҳамаи ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба кишвар моҳҳои ахир воридоти сӯзишвориро 50% кам кардаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ба воридоти ин навъи маҳсулот ба Тоҷикистон 16 ширкат машғуланд, ки пешсафонашон байни онҳо «Аллат» (16%), «Темур ойл» ва «Октан Сервис» (12%-ӣ), инчунин «Ғайрат-82» (11%) мебошанд.

Ёдрас мекунем, ки тайи ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон камбуди шадиди гази моеъ ва болоравии бесобиқаи нархи он эҳсос мешавад.

Тайи се моҳи ахир нархи чаканаи гази моеъ дар Душанбе ба андозаи 70% боло рафт: аз 5 сомонӣ барои 1 литр дар аввали моҳи июн то ба 8,5 сомонии ҳозира.

Дар ҳамин ҳол, айни замон дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт ин навъи сӯзишворӣ дар фурӯш нест.

Тибқи маълуомти расмӣ, зиёда аз 60% нақлиёти автомобилӣ дар кишвар аз гази моеъ истифода мебаранд. Бинобар сабаби арзиши нисбатан пасттар дар муқоиса бо бензину сӯзишвории дизелӣ, аксари ронандагони нақлиёти автомобилӣ ба истифода аз ин навъи сӯзишворӣ гузаштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.