Моҳи августи соли 2021 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Афғонистон 12,3 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.
Дар сохтори савдои дуҷониба байни кишварҳо 12,2 млн доллар (99,2% аз ҳаҷми умумӣ) ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва каме бештар аз 0,1 млн доллар (0,8%) ба воридот аз Афғонистон рост меояд.
Ҳамагӣ давоми моҳҳои январ-августи соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистон 64,5 млн долларро ташкил додааст, ки 22% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 63,5 млн доллар ва воридот аз Афғонистон ба Тоҷикистон - 1 млн долларро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти асосие, ки Афғонистон аз Тоҷикистон мегирад, неруи барқ аст. 65% содироти Тоҷикистон ба Афғонистонро дар соли 2020 барқ ташкил дода буд.
Қаблан аз Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ хабар дода буданд, ки сарфи назар аз вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, интиқоли барқ ба ин кишвар қатъ нашудааст.
Дар Вазорат зикр карданд, ки дар қарордод бо Афғонистон оид ба интиқоли барқ дар соли 2021, содироти ҳудуди 1,5 млрд кВт/соат неруи барқ ба ин давлат пешбинӣ шудааст.
Ба ҷуз Афғонистон, барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон низ интиқол дода мешавад. Ҳар ду кишвар ҳам қариб дар ҳаҷми баробар барқ мегиранд, лекин фарқият дар он аст, ки Афғонистон ду баробар гаронтар барқи Тоҷикистонро мехарад.
Давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ маблағи умумии содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 72,6 млн долларро ташкил дод, ки 56,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста