Суръати болоравии нархи орд, ки маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ барои сокинони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тайи рӯзҳои ахир афзуд.

Гап сари чист?

Айни замон нархи чаканаи халтаи 50-килоии орди навъи якум дар бозорҳои Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он 260-265 сомонӣ (23-23,4 доллар)-ро вобаста ба кишвари истеҳсолкунанда ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ як ҳафта пеш як халтаи ин навъи орд 240-250 сомонӣ нарх дошт.

Нархи ин маҳсулот дар минтақаҳо низ вобаста ба дур будани онҳо аз қисми марказӣ ва шимоли ҷумҳурӣ меафзояд. Дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар як халта орд бо ин вазн ва навъи дар боло зикршуда аллакай ба 290-300 сомонӣ мерасад.

Нархи чаканаи орди гандумӣ, тибқи омори расмӣ, ҳатто дар моҳҳои январ-июли имсол ҳатто каме ба андозаи 6% коҳиш ёфта буд.

Мақомот даъват мекунанд, ки нарх боло бурда нашавад

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ болоравии нархи ордро ба қиматшавии гандум дар Қазоқистон, ки ин маҳсулотро Тоҷикистон аз ҳамин кишвар ворид мекунад, нисбат медиҳад.

Сардори Хадамот Абдулмаҷид Муминзода ин масъаларо чанде пеш бо истеҳсолкунандагони орд дар Хуҷанд, ки аксарияти корхонаву коргоҳҳои ордбарорӣ дар ин ҷо фаъолият доранд, баррасӣ кард.

Муминзода аз истеҳсолкунандагон даъват намуд, ки ба болоравии беасоси нархҳо роҳ надода, ба таъмини бозори дохилии кишвар бо орд, ки ӯ онро маҳсулоти ниёзи аввалия медонад, мусоидат кунанд.

Тибқи омори расмӣ, дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна орд ва 608 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст. Воридоти орд ба андозаи 50% коҳиш ёфта, воридоти гандум бошад, баръакс 6,7% афзоиш ёфтааст. Ҳам орд ва ҳам гандум қариб пурра аз Қазоқистон оварда мешаванд.

Дар дохили Тоҷикистон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 487 ҳазор тонна орд (аз ғалладона ва дигар зироатҳои растанӣ) истеҳсол шудааст, ки 2,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Ҷамъоварии солонаи ғалла дар ҷумҳурӣ беш аз 1,5 млн тоннаро ташкил медиҳад, ки тақрибан 900 ҳазор тоннааш ба гандум рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.