Тоҷикистон интиқоли барқро ба Қирғизистон пас аз чор рӯзи оғози он қатъ кард, зеро ба кишварҳо имзои шартномаи дахлдор дар ин бора муясссар нашуд, хабар додааст ба ВАО-и Қирғизистон вазири энергетикаи ин кишвар Досқул Бекмурзаев.
“Пас аз нашри маълумот дар бораи воридоти барқ аз Тоҷикистон дар он ҷо сарусадоҳо баланд шуданд, чунки он ҷо ҳам сиёсатмадорон ҳастанд. Танҳо дар муддати чор рӯз мо барқ гирифта тавонистем”, - иброз доштааст вай.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи равон Бекмурзаев изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон аз 1 октябр ба интиқоли барқи худ ба Қирғизистон шурӯъ кард.
“Ҳозир дар Тоҷикистон неруи барқ дар ҳаҷми зарурӣ кофист, аз ин рӯ, ба мо пешниҳод карданд. Дар як шабонарӯз 1 млн кВт/соат нерӯи барқ дастрас мекунем. Нархашро намегӯям. Айни замон дар бораи тарзи пардохт гуфтушунид ҷараён дорад”, - хабар дод ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Бишкек.
Бекмурзаев зикр кард, ки давоми моҳи октябр интиқоли барқ аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 30-50 млн кВт/соат ба нақша гирифта шудааст.
Баъдан Вазорати энеретика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумоти ВАО-ро дар бораи интиқоли барқ ба Қирғизистон рад кард. Дар раддияи Вазорат зикр шуд, ки ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки имкони интиқоли барқ ба Қирғизистон баррасӣ шавад, лекин доир ба ин масъала ягон тасмим гирифта нашудааст.
Аз оғози даҳаи дуюми моҳи октябр дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон тез-тез ва ба муддати зиёд қатъ шудани интиқоли барқ шурӯъ шуд. Қатъи интиқоли барқ рӯзона – аз соати 8-и субҳ то 17 ё 18-и шом сурат мегирад.
“Барқи тоҷик” сабаби инро “баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ, ки барои омодагии хатҳои интиқоли барқ зарур аст”, шарҳ медиҳад.
Аммо бархе аз кормандони ин бахш бидуни ифшои ному насаб ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки қатъи интиқоли барқ ба ҳаҷми нокофии захираҳои об барои истеҳсоли барқ марбут аст. Онҳо зикр карданд, ки дар обанбори Норак об то нишондиҳандаи ниҳоӣ захира шуда, лекин дар обанбори Қайроққум об ба таври назаррас нокофист.
Захираҳои нокофии об дар обанбори “Қайроққум ғайримустақим бо хабари раҳбарияти неругоҳи ҳамном дар бораи аз 15 сентябр оғоз гардидани захираи об дар ин обанбор тасдиқ мешавад.
Ин бо он шарҳ дода мешавад, ки тобистони хушки гузашта қариб тамоми оби Сирдарёро ҷумҳурӣ барои эҳтиёҷоти обёрии Қазоқистону Ӯзбекистон, инчунин кишоварзони маҳаллӣ дода буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста