Давоми соли равон ШСХК”Барқи тоҷик” ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 37% аз арзиши барқи дар Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”истеҳсолшударо пардохт намудааст.

Дар иттилоияи расмии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” гуфта мешавад, ин “ба идомаи афзоиши мунтазами қарз назди нерӯгоҳ боис мегардад”.

Қарзи “Барқи тоҷик” дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 390 млн сомонӣ (ҳудуди 35 млн доллар) афзуда, то 30 сентябри соли 2021 ба 1,99 млрд сомонӣ (ҳудуди 177 млн доллар) баробар шуд.

НБО “Сангтӯда-1” давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба ШСХК “Барқи тоҷик” зиёда аз 1,7 млрд кВт/соат неруи барқ фурӯхтааст, ки 3,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад.

Нишондиҳанда (коэффисиент)-и истифодаи иқтидори насбшуда ҳамагӣ 39,1%-ро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта он ба 37,8% баробар буд.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.