Маҷмааи истеҳсолиии ҶСП “ТАЛКО Голд” (TALKO Gold), ки сохтмонаш дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҷараён дорад, то охири моҳи марти соли 2022 пурра барои истифода омода хоҳад шуд.
Зимни саёҳати матбуотӣ (пресс-тур)-и чанд рӯз пеш ба қаламрави маҷмаа бинокорон хабар доданд, ки ҳоло танҳо ба анҷом расондани корҳои насбу пардозгарӣ боқӣ монда, истихроҷи флюорит, ки барои истеҳсоли алюминий истифода мешавад, аллакай оғоз ёфтааст.
Дар назар аст, ки аввали соли оянда иқтидорҳои истихроҷи фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ба кор дароварда шуда, пас аз итмоми корҳои сохтмон то ҷашни Наврӯз, маҷмаа пурра ба фаъолият оғоз мекунад.
ҶСП «Талко Голд» дар заминаи маъдани кони Кончоч бунёд мегардад. Ин кон аз се қитъа Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон иборат аст. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла сурма қариб 265 ҳазор тонна, тилло ҳудуди 50 тонна, флюорит - беш аз 70 ҳазор тонна, нуқра беш аз 59 ҳазор тонна, симоб 1197 тонна ба қайд гирифта шудааст. Минералҳои истихроҷшуда то маҳсулоти ниҳойӣ дар Тоҷикистон коркард мешаванд.
Ҳаҷми умумии сармоягузории ҶСП “ТАЛКО Голд” 200 млн долларро ташкил медиҳад. Саҳмиядорон - КВД “Ширкати алюминии тоҷик” ва “Ҷамъияти саҳҳмоии “Ширкати саноати кӯҳкории Тибет Хуаюй”-и Чин мебошанд, ки ҳар кадоме дар сармояи оииномавии ҶСП 50%-ӣ саҳмия доранд.
Дар доираи «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии ТАЛКО» аввали соли 2016 КВД “ТАЛКО” ҷамъияти саҳҳомӣ шуда, барои коркарди кони маъдани мазкур иҷозатнома гирифт. Корҳои бевоситаи сохтмони маҷмааи истеҳсолӣ моҳи июни соли 2018 оғоз гардиданд.
Дар назар буд, ки маҷмаа соли 2020 мавриди истифода қарор гирад, лекин ба гуфтаи бинокорон, пандемияи COVID-19 ба ҷараёни корҳо монеъа эҷод кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста