Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Иши, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, бо раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дидору гуфтушунид кард.

Зимни мулоқот масоили татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва тарҳрезишудаи давлатии сармоягузорӣ дар бахшҳои технологияҳои рақамӣ, маблағгузорӣ ба иқтисоди сабз, хидматрасониҳо, сохтмони роҳ ва низоми гармидиҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Фирдавс Шарифзода ба Рику Иши дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар бахшҳои мухталифи иқтисод маълумот дода, зикр кард, ки айни замон бо дастгирии БАТР дар шаҳр 3 лоиҳаи сармоягузории дорои хусусияти иҷтимоӣ бомуваффақият амалӣ карда мешавад», - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии шаҳрдори Хуҷанд Маъмурхон Юсуфзод.

Хуҷанд яке аз марказҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, айни замон зиёда аз 180 корхонаи саноатӣ дар он фаъолият мекунанд ва шумори умумии соҳибкорон дар бахшҳои гуногуни тиҷорат ва хидматрасониҳо ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 1,5 млрд сомониро ташкил медиҳад. Шаҳр бо 40 кишвари ҷаҳон муносибатҳои шарикона дорад.

Зимни вохӯрӣ Рика Иши зикр кард, ки БАТР тайи солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолмандии бештар зоҳир намуда, ба густариши дастрасии бахши хусусӣ, занони соҳибкор ва навсозии инфрасохтори коммуналӣ ба маблағгузорӣ мусоидат мекунад.


“Хуҷанд яке аз шаҳрҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати бонк аст”, - таъкид дошт роҳбари намояндагии Бонк.

Рика Иши инчунин дар бораи барномаи нави ҳамкорӣ сухан гуфта, изҳор намуд, ки он ба таҳкими бахши хусусӣ тавассути ғанисозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.