Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Ӯзбекистон дар соҳаҳои саноат ва технологияҳои нав тасдиқ шуда, баҳри амалисозии он тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
Дар қарор ҳамчунин супориш дода шудааст, ки Ӯзбекистон дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон иҷро шудани расмиёти дохилидавлатии зарурӣ барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома огаҳ карда шавад.
Матни созишнома охири ҳафтаи гузашта дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шуда, дар он доир ба татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, сохтмон, истихроҷи маъданҳо, энергетика ва мошинсозӣ сухан меравад.
Ғайр аз ин, дар созишнома таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо дар самти таҳвилу таъмин бо техникаву технологияи коркард пешбинӣ шудааст.
Барои роҳандозӣ ва рушди робитаҳои мустақим байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо, ташкили ярмаркаву намоиши маҳсулоти саноатӣ, ҳамоишҳои доираҳои тиҷоратӣ фароҳам сохтани шароити зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҷонибҳо барои рушди ҳамкорӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳо хоҳанд андешид. Ин ҷо дар бораи таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва татбиқи амалии онҳо сухан меравад.
Ёдрас мекунем, ки тобистони соли гузашта зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳукумати ҳар ду кишвар дар бораи таъсиси ширкати муштараки сармоягузорӣ бо суроғаи ҳуқуқӣ дар Душанбе ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон созишнома ба тасвиб расониданд.
Маблағи сармояи оинномавии “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ҳаҷми 12 млн доллар ба нақша гирифта шуд.
Муассисони ширкат Фонди таҷдид ва рушди Ӯзбекистон бо 75%-и ҳисса ва КВД “Тоҷинвест” бо 25%-и ҳисса мебошанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Баргузории фестивали K-pop дар Душанбе
DABS: Афғонистон ба Тоҷикистону Ӯзбекистон аз барқ беш $100 млн қарздор шуд
Ташкили Шӯрои оли муқовимат барои наҷоти Афғонистон: Аз Ато то Дӯстуму Масъудҳову Қонуниву Муҳаққиқу Сайёф
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба марҳилаи 2-юми барқаросозии НБО “Норак” созишнома имзо карданд
Оё имсол ба Тоҷикистон камобӣ таҳдид мекунад?
Дар Душанбе хатсайри нави автобус фаъол мешавад: аз Коллеҷи тиббӣ то Терминали ҷанубӣ
Тоқаев ҳамсари Назарбоевро аз комиссияи кор бо занҳо ихроҷ кард
Ӯзбекистон ҳам "Занги охир"-ро мисли Тоҷикистон танзим кард
Вазорати тандурустӣ дар Қирғизистон 111 муассисаи хусусии тиббиро мебандад
Тоҷикистон бозиро бо Ӯзбекистон 0:2 бохт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста