Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба корхонаҳои азими саноатӣ ҳушдор дода гуфтааст, дар сурати мувофиқи мақсад кор накардан “кашида мегиранд”. Ин корхонаҳо баъди пошхӯрии Шӯравӣ аз ҷониби гурӯҳе аз соҳибкорон хусусӣ шудаву ба иддаои мақомот ҳоло фаъолияти муназзам надорад.

Мақомот мегӯяд, феълан гуруҳи корӣ иборат аз кормандони ҳукмат ва ниҳодҳои қудратӣ ташкил шуда ба санҷиши фаъолияти корхонаҳои саноатии хусусӣ даст ба кор шудаанд.

Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд зимни нишасти хабарӣ аз фаъолияти имрузаи корхонаҳои хусусӣ сахт танқид кард ва гуфт санҷида диданд мувофиқи мақсад кор намекунанд.

Вай рӯзи 01-уми феврал аз корхонаи замоне маъруфи “Нассоҷи Хуҷанд” ёдовар шуда афзуд, баъди хусусӣ шудан мувофиқи мақсад кор накарда истодааст ва санадеро ба унвони ҳукумати Суғд ва роҳбари корхона ирсол кардааст, ки фаъол шавад. Дар сурати фаъол нашудан ба гуфтаи Фирдавс Шарифзода ин корхонаҳоро дигарбора дар ихтиёри ҳукумат мегиранд.

“Ман пешниҳод кардам, ки дар мисоли “Нассоҷи Хуҷанд” агар ин корхонаро ба ихтиёри ҳукумат гирем як гектари агар ҳудудашро муайян карда ба иҷора диҳем наздаш 19-20 корхонаи нав ташкил мешавад. Оиди ин масъала мо ҷиддӣ кор карда истодаем. Мо ба ҳар як корхонаи саноатии хусусӣ мӯҳлат гузоштем мувофиқи мақсад кор кунанд. Вагарна имрӯз дигар соҳибкорон ҳастанд таҷҳизоти замонавиро оварда пешниҳод карда истодаанд кор мекунанд”.               

Корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” 19,2 гектар масоҳати замин дорад. Аммо мақомот мегӯяд, ин корхона мувофиқи талаботу иқтидоре, ки то замони хусусӣ шудан дошт ҳоло кор наркарда истодааст. Мақомот мегӯяд, ҳоло 12 корхонаи аз кор бозмонда ва ё нофаъол дар шаҳри Хуҷанд мавҷуд аст, ки талош доранд дигарбора ба кор андозанд.

Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд

 Мушкил дар кори “Нассоҷи Хуҷанд” аз куҷо сар шуд?

Корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” соли 2020 натавонист 1 миллиону 791 ҳазору 572 сомонӣ бақияи қарзи андозро пардозад ва ҳамин тариқ мақомоти андоз қисме аз амволи корхонаро ҳабс ва баъдан тариқи музояда ба фурӯш гузошт.

Исроил Наимов, сардори шӯъбаи ситонидани қарзҳои андоз дар вилояти Суғд зимни як нишасти хабарӣ оғози соли 2021 гуфта буд, ба  музояда 8 соҳибкор муроҷиат намуда 3 нафар аз онҳо иштирок карданд. Вай афзуд, амволи “Насоҷи Хуҷанд”-ро ба маблағи 2 милиону 209 ҳазору 148 сомонӣ фурӯхта шуд ва маблағ ба буҷет ворид гардид. Ҳамин тариқ бақияи қарзи андози ин корхона аз байн рафт.

“Дар асоси розигии худи андозсупоранда дар асоси суратҷаласаи маҷлиси умумии муассисони ширкати “Нассоҷи Хуҷанд” аз 15-уми октябри соли 2020 таҳия гардида буд як қисми бинои кӯҳнае, ки солҳои 1939-1947 бунёд шудаву ба истеҳсолот ягон алоқамандӣ надоштааст пешниҳод шуд ҳабс кардем ба фурӯш ва музояда гузошта шуд”.-  гуфта буд, он замон ин мақомдори Раёсати андоз дар вилояти Суғд.

Мақомоти андоз гуфта буданд, он соҳибкороне, ки қисме аз амволи корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд”-ро иборат аз бинои маъмурӣ, сехи дӯзандагии ғайриистеҳсолӣ,  анбор, саҳни биноҳоро хариданд, тасмим доранд таҷҳизоти нави коркарди нахи пахтаро ворид карда, корхонаро фаъол месозанд.

Корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” яке аз азимтарин корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ба шумор меравад, ки соли 1932 ташкил шуда, дар он беш аз 1000 бофандаву муҳандис кор мекардаанд. Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ корхона хусусӣ шуда, дар заминаи он ҶДММ “Абрешим” ва баъдан ширкати “Текстил сити” таъсис ёфтааст. Соли 2013 ба "Нассоҷи Хуҷанд" тағйири ном кард. Гуфта мешавад то замони муфлисшавӣ ҳудуди 300 коргар дошт.

Бо вуҷуди дигарбора ба соҳибкорон фурӯхта шудани қисме аз амволи ин корхона мушоҳида мешавад, ки ҳанӯз ҳам мақомот аз кори онҳо қонеъ нест. Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд”-ро аз санҷиш гузарониданд ва ба унвони раиси вилояти Суғд низ нома фиристоданд ва дар сурати фаъол нашудан замини корхонаро “кашида мегиранд” ва ба корчалонҳои дигар онро вогузор мекунанд. Дар Хуҷанд 180 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, вале 12 корхонаи саноатӣ давоми чанд сол аст, ки аз кор бозмондааст ва ё кори ба гуфтаи мақомот “муназзам” надорад.

Соли 2021 корхонаҳои саноатии Хуҷанд ҳамагӣ ба андозаи 1,27 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст ва соли 2020 бо вуҷуди он, ки 169 корхонаи саноатии фаъол мавҷуд буд ба андозаи 1,492 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.