Соли 2021 ба Тоҷикистон ҳудуди 620 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки 60% бештар нисбат ба соли 2020 аст, хабар медиҳад Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон.

Зиёда аз 86%-и ин навъи маҳсулот ба Тоҷикистон аз Русия, 7,3% - аз Қазоқистон, 2,6% - аз Ӯзбекистон, 2,4% - аз Туркманистон ва 1,7% - аз дигар кишварҳо ворид карда шудааст.

Арзиши воридоти маҳсулоти нафтӣ вобаста ба кишвари содиркунанда беш аз се маротиба фарқ мекунад.

Масалан, ширкатҳои воридкунандаи Тоҷикистон ҳар як тонна маводи сӯхтро аз Русия ба ҳисоби миёна 647 доллар, аз Қазоқистон – 470 доллар, аз Ӯзбекистон – 553 доллар, аз Туркманистон – 736 доллар, аз Қирғизистон – 431 доллар, аз Беларус – 1327 доллар ва аз Украина – 1457 доллар харидаанд.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки як тонна маҳсулоти нафтӣ дар соли гузашта ба таҳвилгарон ба ҳисоби миёна 667 доллар арзиш доштааст, ки 200 доллар ё худ 43% зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст.

Ба иттилои Агентии омор, соли 2021 арзиши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ 1,7 баробар  ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) - 1,6 баробар боло рафт.

Болоравии назарраси маводи сӯхтро ширкатҳои воридкунанда афзоиши нархгузории нафт дар саросари ҷаҳон, нархҳои фурӯши корхонаҳои коркард, инчунин тибқи нақша барои таъмир аз фаъолият бозмондани корхонаҳои коркарди нафт дар Русия ва Қазоқистон, ки ҳудуди 94%-и сӯзишворӣ аз ин кишварҳо оварда мешавад, маънидод мекунанд.

Ғайр аз ин, нархҳо вобаста ба вазъияти марбут ба маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилӣ, яъне камбуд ё барзиёдии он тағйир ёфта метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.