Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории кишвар,  зимни нишасти матбуотии имрӯзи ин ниҳод гуфт, ки маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол ва Озодӣ» соли ҷорӣ “точно ба истифода дода мешавад”. Ин дар ҳолест, ки ин маҷмаа бояд дар 30-солагии Истиқлоли кишвар мавриди истифода қарор мегирифт.

Маҷмаии меъмории “Истиқлол ва Озодӣ” маҷмааии асоси ҷашнгирии 30-солагии Истиқлол дар Тоҷикистон буд, ки бояд моҳи сентябри соли гузашта ба баҳрабардорӣ супурда мешуд, аммо ба далели поён наёфтани кори сохтмони он, ба таъхир гузошта шуд.

Зувайдзода сабабҳои ба таъхир афтодани ба баҳрабардорӣ супурдани ин маҷмааро ба пандемияи коронавирус ва далелҳои техникӣ марбут донист.

“Якум ин ки аз тарафи мутахассисон тавсия дода шуд, ки то як чанд моҳи дигар сохтмони маҷмаа идома дода шавад. Дуюм масъала, ин пандемия буд. Якчанд намуди борҳо аз ҷумҳури Чин, сангҳо аз  Юнону Туркия меомададнд, ки роҳҳо баста буданд”.

Ӯ афзуд, ки “маҷмаа дар инҷо бори аввал сохта мешавад ва хусусияти техникии вазнин дорад ва ҳамчунин барои ин маҷмаа лифтҳои махсус фармоиш додем, ки дар муддати 1 солу 2 моҳ омода мешаванд”.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, ки ба масоҳати замини маҷмаа, ки пештар 29 ҳектор буд бо 30 ҳектори дигар илова карда шуд ва ҳоло баландии он 121 метр аст.

Ёдовар мешавем, ки иншооти мазкур дар қисмати марказии пойтахт, дар фосилаи миёни Иттифоқи Нависандагон ва Донишгоҳи омӯзгорӣ, дар пушти меҳмонхонаи “Авесто”, маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ва ҷойи ҳозираи Масҷиди марказии Душанбе ва Донишкадаи исломӣ бунёд карда мешавад.

“Сохтмони маҷмаа бар асоси лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе таҳия шудааст, амалӣ мегардад, - хабар дода буд ба “Азия-Плюс” Хайриддин Нурвалиев, муҳандиси пешбари шуъбаи истеҳсолии Раёсати сохтмони Душанбе.

“Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» соли 2021 ба истифода дода мешавад”, - гуфта буд он замон ӯ.

Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ» аз минбар, дарвозаи марказӣ ва дарвозаҳои шимолию ҷанубӣ, фаввораҳо, шаршара, деворнигора, айвончаҳо, майдони баргузории роҳпаймоиҳо, гулгашт, ҳавзҳои декоративӣ бо наҳрҳо, таваққуфгоҳ ва ғайра иборат мешавад. Дар боғ ниҳолҳои гуногуни дарахту буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.

Баландии муҷассамаи маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар маҷмӯъ 121 метр ва пояи он 85 метрро ташкил медиҳад. Пояи муҷассама ҳарам (пирамида)-и ҳаштрӯя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад. Дар 6 ошёнаи дохили муҷассама осорхона ва толорҳои баргузории чорабиниву маҳфилҳо ҷойгир мешаванд.

Дар баландии 91 метри маҷмаа майдони тамошо сохта мешавад, ки сокинону меҳмонони Душанбе дар ин баландӣ аз тамошои манзараҳои пойтахт баҳравар мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.