Тоҷикистон таҷрибаи Ӯзбекистонро дар соҳаи кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳо бо нақшу ороиши абрешим меомӯзад, хабар медиҳанд расонаҳои Ӯзбекистон.

Ҳайати Тоҷикистон иборат аз кормандони Вазорат ва технологияҳои нав ва корхонаҳои хусусии саноатӣ айни замон бо фаъолияти корхонаву коргоҳҳои марбутаи ин соҳа дар Тошканду Марғелон ва Фарғона шинос мешаванд. Сафари онҳо то 11 феврал идома меёбад.

Ҳайати Тоҷикистон аз қитъаи намунавии тутзор, намоиши ашёи хом ва матоъҳои тайёр, сарулибоси аз ҷониби тарроҳон дӯхташуда боздид намуд.

Онҳо инчунин раванди дастгирии давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, ҷараёни истеҳсол, интихоб ва истифодаи нақшҳо дар матоъ, ҷалби тарроҳон, содироти маҳсулоти тайёрро меомӯзанд.

Ҷонибҳо масоили таъсиси корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар соҳаи кирмакпарварӣ, коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ баррасӣ карданд.

Мо чӣ дорем?

Дар Тоҷикистон тайи 30 соли охир истеҳсоли пилла қариб 12 баробар кам шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 528 тонна пилла истеҳсол шуд. Дар соли 2021 бошад, тибқи маълумоти пешакии ҶСК “Пиллаи Тоҷик”, ҳосили он ҳамагӣ 387 тоннаро ташкил дод.

Дар Барномаи нави рушди ин соҳа барои солҳои 2021-2024 обод кардани майдони тутзорҳо, нигоҳдорӣ ва афзоиши ҳосили дарахтони тут, бунёди тутзорҳои нав пешбинӣ шудааст, ки захираҳои зиёди молиявиро талаб мекунад.

Бо мақсади таҳкими заминаи хӯрокаи кирмак дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то соли 2024 шинонидани 4 млн 375 ҳазор бех ниҳоли тут ва бунёди 180 гектар тутзорҳои нав дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.