Баста будани марзи Қирғизистон ба гардиши молии воридотиву содиротии шимолии Тоҷикистон таъсире нарасонида, баръакс боиси коҳиш ёфтани қочоқи молу маҳсулот гаштааст.  Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, ҳиссаи гардиши моли Қирғизистонро дар пардохтҳои гумрукӣ “ночиз” ва қочоқи маҳсулот аз ин кишварро аз “чапроҳаҳое” донист, ки ҳосили номуайян боқӣ мондани бахше аз сарҳад будааст.

Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ гуфт, соли 2021 аз шимолии Тоҷикистон ба Қирғизистон “умуманин молу маҳсулот содир нашуд”. Вале афзуд, аз Қирғизистон расман ба маблағи 21 миллиону 804 ҳазору 795 доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид шуд.

“Ин ҳамагӣ 1,38 дарсади гардиши моли мақомоти гумркро ташкил медиҳад. Бубинед чӣ хел нишондиҳандаи паст. Дар маҷмӯъ гардиши молии Қирғизистон ягон таъсир надорад”,-афзуд, Баҳром Исматуллозода.

Ҳаҷми умумии гардиши мол дар гумрукоти Суғд, соли гузашта ба 2 миллиарду 262 миллиону 738 ҳазор доллари амрикоӣ расид, ки назар ба соли 2020 ба маблағи 598 миллион доллар ё 36 дарсад зиёд мебошад.

Баҳром Исматуллозода, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Суғд.
Ҳалим Ҷӯраев / Asia-Plus

Мақомоти гумрук дар гузашта низ гардиши молии Қирғизистонро чандон зиёд арзёбӣ намекард. Соли 2020 ва замоне, ки муносибати Тоҷикистон бо Қирғизистон беҳтар буду кишварҳо додугирифти озод доштанд, воридоти мол аз Қирғизистон ба 38,5 миллион доллар расида буд. Аммо мақомоти гумрук дар робита ба бад шудани муносибатҳо ва манъи додугирифт мегӯяд, “ҳиссаи моли воридотӣ аз Қирғизистон ба ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ягон таъсире нарасонидааст”.

Охири моҳи апрели соли гузашта дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳои хунин ба вуқӯъ пайваст ва дар пайванд ба он Қирғизистон аз 21-уми моҳи май расман марзаш бо Тоҷикистонро баст. Аз он рӯз то ба ҳол марзи ду кишвар баста аст ва ба интиқоли молу маҳсулот иҷоза нашудааст.

Исматуллозода ҷангу ҷанҷолро ба манфиати ҳеч давлате намедонад. Аммо ӯ гуфт, ки ин даргирӣ “аз нуқтаи назари иқтисодӣ дар ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ таъсири назаррасе нарасонид”.

Марз баста, қочоқ низ кам шуд    

Гузаргоҳи гумрукии "Кулунду" миёни ноҳияҳои Ҷабор Расулови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон
cabar.asia

Мақомоти гумрук то як соли пеш аз афзоиши қочоқи мол дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон нигаронӣ мекарданд. Дар гузашта расонаҳои Қазоқистону Русия низ аз боздошти моли ватании Тоҷикистон хабар медоданд, ки гӯё тариқи қочоқ ва бидуни расмиёти гумрукӣ аввал ба марзи Қирғизистон ворид ва сипас ба бозорҳои беруна роҳ ёфтааст. Инро кормандони мақомоти гумрук низ тасдиқ карданд ва гуфтанд чунин амалҳо баъди баста шудани марз мушоҳида шуд.

“Лекин он чи мо гумон доштем, ки ҳазорҳо тонна содирот мешуд, ин гуна нест. Барои ҳамин баста шудани сарҳад тамоюле, ки дар дохил мавҷуд буд, ахбори ғайримақсаднок худаш исбот кард, ки чунин амалҳо на бо он дараҷае тараққӣ кардааст, ки гуфта мешуд”,-

гуфт, Аҳмадҷон Бобоев, муовини сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд.  

Ба иттилои мақомоти гумрук соли гузашта дар шимолии Тоҷикистон 1278 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ошкор шудааст, ки назар ба соли 2020 -139 ҳолат кам мебошад. Аз он 1265 ҳолат ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 13 ҳолати ҷиноят мебошад.

Мақомот мегӯянд, асосан дар робита ба интиқоли ғайриқонунии гӯшти пастсифат, ҳазорҳо адад телефони мобиливу маводи тарфгарӣ, қаламчаҳои васлкунӣ (электрод), тангаҳои осори таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, интиқоли 16 адад мошини сабукрав ва ғайра парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Собир Назиров, сардори шӯъбаи қочоқи Раёсати минтақавии гумруки Суғд гуфт, аз 13 ҷинояти ошкоршуда 10 ҷиноят қочоқи молу маҳсулот мебошад, ки зимни ворид шудан аз марзи Қирғизистон боздошт шуд. Ӯ аз ошкор шудани 29 ҳолати воридоти сӯзишвории қочоқӣ аз марзи Қирғизистон хабар дод, ки қочоқбаронро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Вале дақиқан нагуфт, ки ҳаҷми умумии сӯзишвории қочоқӣ чанд тонна буд.

Аммо Маркази “Тоҷиксатндарт” дар вилояти Суғд чанд рӯз пеш зимни нишасти хабарӣ гуфт, озмоиш нишон дод, ки ҳудуди 42 тонна маводи сӯзишвории қочоқӣ аз Қирғизистон ғайристандарт баромад ва маводро барои санҷиш ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ирсол кардаанд.

Баҳром Исматуллозода, дар нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки марзи бастаи Қирғизистон бо Тоҷикистон содироту воридоти молҳои қочоқиро коҳиш дод. Аммо аз он нигаронӣ кард, ки номуайян боқӣ мондани хатти сарҳад барои интиқол ё воридоти молҳои қочоқӣ, ҳанӯз ҳам таъсири худро мерасонад.

“Бино ба ахбори мо дар хатти сарҳад зиёда аз 160 чапроҳаҳо мавҷуд аст. Оиди кадом чапроҳаҳо ошкор ё ошкор нашуд мо бояд бигӯем, ки ду муноқишаи моҳи апрели соли гузашта ва 15 рӯзи пеш, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шуда гузашт воридоти ғайрирасмӣ аз самти Қирғизистонро ба як дараҷае коҳиш дод. Барои он ки вақте вазъият ноором бошад ягон одам намегузарад. Аз бас, ки 400 километр хатти сарҳад шаффоф аст ҳамаи чапроҳаҳо муайян карда намешавад”,-гуфт Исматуллозода.

Масъалаи қочоқи молу маҳсулот дар шимоли Тоҷикистон, ки бо Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, аз мавзуъҳои доғ ба шумор меравад. Аз ҷумла қочоқи даҳҳо тонна маводи сӯзишворӣ аз Қирғизистон ва баръакс маҳсулоти хӯрокаву сохтмонӣ аз Суғд пайваста дар расонаҳо чарх мезанад, ки мақомот онро ба осебпазир будани марз ва зиёд будани чапроҳаҳо рабт медиҳад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.