Пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора хеле поин рафта, 1000 рубли русӣ аз 141 сомонии чаҳор рӯз пеш, имрӯз дар бархе бонкҳо ба 100 сомонӣ ва пойинтар аз он расидааст. Аммо Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмиро барои имрӯз, 28-уми феврал баробар ба 136,5 сомонӣ барои ҳазор рубли русӣ донистааст.
Сокинони Тоҷикистон бо нашри аксҳои тоблуҳои қурби харид ва фурӯши асъор дар бонкҳои Тоҷикистон навиштаанд, ки дар чанде аз бонкҳо рӯзи душанбе 1000 рубли русӣ ба 100 сомонӣ баробар шудааст.
Дар пайи сару садоҳо хабарнигори "Азия-Плюс" ба чанде бонкҳо сар зад. Дар яке аз филиалҳои "Амонатбонк" дар шаҳри Душанбе ба хабарнигор мо қурби 1000 рубли русиро баробар ба 95 сомонӣ, дар "Имон Интернешнл" бошад 98 ва "Эсхата"-у "Спитаменбонк" 102,5 сомонӣ гуфтанд.
Ин дар ҳолест, ки дар таблои Бонки “Эсхата”, ва "Имон Интернешнл" фурӯши рубли русӣ барои 1000 рубл 136 сомонӣ нишон дода шудааст.
Поин рафтани қурби рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар лаҳзаи нашри ин матлаб, дар сомонаи расмиаш қурби 1000 рубли русиро барои рӯзи 28 феврали соли 2022-юм 136.5 сомонӣ нишон додааст.
Ин бонк қурби расмии рубли русиро барои имрӯз, 28 феврал Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 0,1365 сомонӣ (барои 1 рубл) муқаррар кардааст. Рӯзи ҷумъаи гузашта, 25 феврал қурби рубл 0,1330 сомонӣ буд.
Дар ҳамин ҳол, қурби доллари ИМА нисбат ба арзи тоҷик бетағйир боқӣ монда - 11,3000 (барои 1 доллар) дар ҳолест, ки қурби пули аврупоӣ андаке (0,3%) устувор шуд: аз 12,6334 сомонӣ (барои 1 евро) рӯзи ҷумъа то 12,6775 барои имруз.
Ёдовар мешавем, ки қурби расмии рубл ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ қариб 11% поин рафт.
Дар оғози ҳафтаи гузашта қурби рубли русӣ дар кишвар ба 149 сомонӣ баробар буд. Дар давоми як ҳафтаи ахир қурби асъори Русия дар бозори арзи кишвар 49 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Паст шудани қурби рубли русӣ аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Ин ба он вобаста аст, ки беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси муҳоҷир кор мекунанд ва бахши зиёди онҳо ҳаққи кори худро бо рубли русӣ ба кишвар мефиристанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста