Дари корхонаи азими “Намаки Ашт” дар вилояти Суғд баъди тақрибан, ҳашт моҳи баста будан дигарбора боз шудааст. Ба иттилои дарёфтӣ, ҳоло ин корхона иҷозатномаи махсуси ҳукумати Тоҷикистонро барои идомаи фаъолият пайдо накардааст. Аммо масъулин мегӯянд, корхонаи азими истеҳсоли намак дар Тоҷикистонро бо иҷозаи шифоҳии мақомоти марбут дигарбора фаъол карданд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар назар аст, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи моҳи апрел ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом диҳад, ки эҳтимол меравад аз ноҳияи Ашт низ боздид кунад. Дар пешорӯи ин сафар мақомот барои идомаи фаъолияти корхонаи “Намаки Ашт” иҷозаи шифоҳӣ додаанд, то ба кор шурӯъ кунад.

Ҷамшед Ёрматов, директори иҷроияи ҶСК “Намаки Ашт”дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки корхона сар аз 5-уми апрел ва баъди тахмин ҳашт моҳи манъӣ фаъолият ба кор оғоз кардааст. Ӯ гуфт, чанд сохтори болоӣ шифоҳӣ иҷоза доданд, ки корхона ба фаъолият сар кунад.

Вай афзуд, ҳуҷҷатҳои лозима бо хуллосаи зиёда аз даҳ сохтору кумитаҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолият аз суйи Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва ин масъала низ рӯзҳои наздик ҳалли худро меёбад.

“Раиси ноҳия ва чанд сохторҳои болоӣ иҷозати шифоҳӣ  доданд, ки фаъолиятро оғоз кунем. Аз сабабе, ки ҳудуди 8 моҳ инҷониб фаъолият надоштем, гирду атрофи корхонаро тоза карда, ба истеҳсолот омода шудем.Аммо дар ин муддате, ки корхона аз кор монда буд, баъзе кормандон ба муҳоҷирати Русия рафтаанд. Ҳоло зиёда аз 50-60 нафар кормандон ба ҷойи кор баргаштанд, боқимондаҳоро, ки дар муҳоҷиратанд, даъват карда истодаем, ки ба ҷойи кории худ баргарданд”.

Охири моҳи март Ҷамшед Ёрматов ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки соли 2018 иҷозатномаи фаъолияти корхонаи “Намаки Ашт” ба итмом расид, вале бо вуҷуди он бо дархости мақомотҳои болоӣ ду сол бидуни иҷозатнома ба истеҳсолот машғул шуданд. Аммо дар ниҳоят моҳи июли соли 2021 зимни як санҷиши Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд беш аз 611 ҳазор зарари ба давлат расонидаи корхона ошкор шуд ва баъдан дари онро низ бастанд.

Ӯ изҳор дошт, ки дар он вақт ҳудуди 100-150 нафар дар ин корхона бо ҷойи кор таъмин буданд ва давоми ду соли моратория, ки бидуни иҷозатнома кор карданд, ба буҷаи ноҳияи Ашт зиёда аз 3 миллион сомонӣ андоз супорида буданд.

Ҷамшед Ёрматов мегӯяд, баъди дарёфти иҷозаи шифоҳии кор, ба мақомоти андоз низ мактубе ирсол карда, хостаанд санадеро тартиб диҳанд ва омодаанд зарари ба давлат расонидаро марҳила ба марҳила ҷуброн кунанд.


Корхонаи “Намаки Ашт” аз азимтарин корхонаи таъминкунандаи бозори дохилаву хориҷӣ бо намаки хушсифати ошӣ маҳсуб меёбад, ки ҳудуди 50 дарсади бозорҳои Тоҷикистонро бо намак таъмин мекунад. Аммо баъди аз фаъолият бозмондани ин корхона намаки Ашт дар бозор кампайдо ва нархи намаки ошӣ низ якбора боло рафт. Инчунин содироти намаки ин корхона ба кишварҳои Афғонистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон манъ гардид.

Мудири корхона ҳамакнун мегӯяд, тасмим дорад истеҳсоли намакро беш аз 10 ҳазор тонна дар сол боло бурда, ба содирот низ шурӯъ кунанд. Ба гуфтаи Ҷамшед Ёрматов, ҳоло талош доранд шартномаи содироти 3 ҳазор тонна намак ба Узбекистонро, ки соли гузашта ях баста монда буд, дигарбора бо ширкатҳои ин кишвар барқарор кунад.

Корхонаи “Намаки Ашт” мероси шӯравист ва бино ба таҳқиқоти он солҳо, дорои захираи хуби намак буда, садсолаҳо метавонад намаки хушсифати ошӣ истеҳсол кунад. Замони Шӯравӣ ин корхона солона ҳудуди 30-40 ҳазор тонна намак истихроҷ мекард. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ талабот ба намак коҳиш ёфта,  истеҳсоли он низ кам шуд.

Масъулин мегӯянд, ҳоло чанд намуди намак истеҳсол мекунанд, ки яке аз он намаки хушсифати “Экстра” аст, ки ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй буда, дар кишварҳои хориҷӣ харидори зиёд дорад.

Як кило намаки ошӣ дар ин корхона 65 дирам муқаррар шуда, эҳтимол меравад дар сурати ба бозор роҳ ёфтани он нархи намак низ ба танзим дарояд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.