Имрӯз, 13 апрел, вакилони парлумони Тоҷикистон ёддошти тафоҳумеро байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба тасвиб расониданд, ки маблағгузории ҳар як ин лоиҳа 16,94 млн сомонӣ ё зиёда аз 1 млн доларро дар бар мегирад.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар шарҳи ёддошти мазкур дар ҳузури вакилон гуфт, ки он барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз татбиқи ёддошти тафоҳум маблағгузории инфрасохтори зарурӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ, кишоварӣ, агросаноатӣ, обёрии хурд, энергияи барқароршавнада, савдо, нақлият, коммуникатсия ва дигар соҳаҳо ба ҳисоб меравад.

- Интихоби лоиҳаҳо сарфи назар аз соҳа аз ҷониби мақомоти ваколтдор ва сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, - гуфт Қаҳҳорзода. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.