Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои дастрас намудани квотаи зироати ғалладона аз Русия дар шакли тавозуни индикативӣ бидуни боҷи гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин бора дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисодӣ миллӣ, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шудааст, сухан меравад.
Дар назар аст, ки зироати ғалладонаи имтиёзноки аз Русия дастрасгардида бо рубл пардохт карда шавад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз Тоҷикистон зиёда аз 90%-и зироати ғалладонаро аз Қазоқистон ворид мекунад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 60 млн доллар ҳудуди 203 ҳазор тонна гандум оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи вазн 7,6% камтар ва аз рӯи арзиш - 12,7% зиёдтар аст.
Талаботи Тоҷикистон ба гандум беш аз 2 млн тонна дар як солро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, ҷумҳурӣ онро дар ҳаҷми 1 млн 200 ҳазор тонна мехарад.
Ёдрас мекунем, ки Вазорати кишоварзии Қазоқистон ба содироти зироати зироати ғалладона ва орд маҳдудият ҷорӣ кард. Фармони Вазорат 16 апрели ҳамин сол ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз соли 2013 маҳсулоти нафтиро аз Русия бо механизм дар шакли тавозуни индикативӣ мегирад ва зироати ғалладонаро ҳам ба ин тариқ дастрас карданист.
Мувофиқи ин механизм Русия ҳамасола 830 ҳазор тонна маҳуслоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи гумрукии содиротӣ ҷудо мекунад, лекин Тоҷикистон танҳо ҳудуди 600 ҳазори онро мегирад.
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Норак Дэвид Кэмеронро бо чӣ мафтун кард?
Байни Тоҷикистону Италия 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома
“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста