Бештари ширкатҳои таъминкунандаи нафти Қирғизистон хариди маводи сӯхти Русияро бо рубли русӣ шуруъ карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 25 май Кенешбой Тайлоқов, раиси хадамоти зиддимонополии он кишвар хабар дод.

Вакилони порлумон Достон Бекешев суол кард, ки чаро бо поён рафтани қурби доллар арзиши маводи сӯхт дар Қирғизистон поён намеравад.

Тайлоқов дар посух гуфт, ки воридкунандагони маводи сӯхт онро бо рубли русӣ харидорӣ мекунанд.

"Дар ҳоли ҳозир 70% воридкунандагони маводи сӯхт онро бо рубл мехаранд. Ин тағйирот 20 рӯз пеш сурат гирифт", - гуфт вай.

Дар Қирғизистон дар як соли охир қимати маводи сӯхт якбора боло рафт. Як литр бензини навъи АИ 92 соли пеш 49,4 сом буд, ҳоло ба 62,9 сом расидааст.

Қирғизистон ҳамасола бештар аз 1 млн маводи сӯхт истифода мекунад. Тақрибан ҳамаи ин маводи сӯхтро Қирғизистон аз Русия ворид месозад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.