Рӯзҳои истироҳати гузашта қурби рубли Русия, ки давоми ҳафта босуръат тамоили болоравиро касб карда буд, ба поинравӣ шурӯъ намуд. Тибқи қурби расмӣ, имрӯз, 30 май 1000 рубл ба 167,5 сомонӣ баробар аст. Рӯзи ҷумъа, 27 май он ба 173 сомонӣ баробар буд.

Қурби доллари амрикоӣ алҳол бетағйир боқӣ монда, тибқи қурби расмӣ барои 1 доллар имрӯз ҳам мисли рӯзи ҷумъа 11,40 сомонӣ медиҳанд.

Дар муқоиса бо ҳафтаи сипаришуда қурби евро каме боло рафт. Имрӯз 1 евро 12,20 сомонӣ нарх дошта, рӯзи ҷумъа ба 12,19 сомонӣ баробар буд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин сар аз соли 2016 ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ - сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.