Ширкатҳои Русия бо корхонаи истихроҷи тиллои “Апрелевка”-и Тоҷикистону Канада, ки дар вилояти Суғд фаъолият дорад, созишнома ба имзо расониданд.

Хабаргузории ТАСС менависад, намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков изҳор доштааст, ки ин қарордод дар ҷараёни кори Ярмаркаи VIII-уми байналмиллалии савдо “Суғд-2022” дар Хуҷанд ҳосил шудааст.

“Аз рӯи натиҷаҳои ярмарка байни ширкатҳои Русия ва яке аз пешсафони соҳаи маъдани кӯҳии Тоҷикистон - корхонаи “Апрелевка”, Раёсати сохтмони асосӣ ва шаҳдории Хуҷанд қарордоду созишномаҳо имзо шуданд”, - гуфтааст Коренков.

Номбурда зимнан зикр кардааст, ки намояндагии савдо дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои Русия ба корҳо ҷиҳати интихоби миёнаравон ва таҳвилгарон идома медиҳанд, ки дар доираи онҳо бояд якчанд қарордоди содиротӣ ба имзо расад.

Раҳбарияти Корхонаи муштараки “Апрелевка” ҳанӯз соли 2019 дар бораи зарурати ҷалби сармоягузории иловагии хориҷӣ барои азхудкунии конҳои нави маъдан изҳори назар карда буд.

Корхонаи муштараки  Тоҷикистону Канада - “Апрелевка” соли 1995 дар заминаи Кони маъдани истихроҷи тиллои Қайроққум таъсис дода шуд.

Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар сармояи корхонаи мазкур 51% ва ҳиссаи ширкати Gulf-и Канада - 49%-ро ташкил медиҳад.

Заминаи ашёи хоми корхона конҳои Апрелевка, Қизил-Чеку, Бургунда, Инкиҷелон ва дигар конҳои хурд мебошанд. Маъдан бо тарзи кушода истихроҷ мешавад. Зимни коркарди он хӯлаи тиллову нуқра ҳосил мешавад.

Маҳсулоти асосии корхона хӯлаи тиллову нуқраи «Доре» мебошад, ки минбаъд дар корхонаи «Фулузоти нодири Тоҷикистон» то тиллои кимиёвии тозаи озмоиши баландтарин (999,9) ва нуқраи озмоиши 999,5 коркард мешавад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истихроҷи тилло машғуланд, ки дар баробари КМ “Зарафшон”, корхонаҳои муштараки “Апрелевка”, корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик”, артели “Одина”, ТВЕА ва «Пакрут»-и Чин низ аз бузургтаринҳо маҳсуб меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.