Ширкатҳои Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро аз Русия (ба миқдори 88,2%) бо рубл интиқол медиҳанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Вазорат воридоти маводи сӯзишворӣ аз кишварҳои гуногун дар ҳаҷми умумии 480 ҳазор тоннаву 162 тонна ба қайд гирифта шудааст, ки 65 ҳазору 500 тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ғайр аз ин, давоми моҳҳои январ-июн ба ҷумҳурӣ зиёда аз 183 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуда, ҳудуди 87% аз ҳаҷми умумии он дар Қазоқистон бо доллари ИМА харида шудааст. Ҳиссаи Русия дар бозори гази моеъ ҳамагӣ 0,4%-ро ташкил медиҳад.

Дар Вазорат изҳор намуданд, ки мувофиқи дастури ҳукумат, ширкатҳои воридкунанда метавонанд озодона хариду фурӯши маҳсулоти нафту газро аз Русия бо рубл анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи соҳибкорон, қисми зиёди бензину сӯзишвории дизелӣ, ки ба Тоҷикистон оварда мешавад, айни замон бо рубли Русия харидорӣ мешавад. Гази моеъ (пропан) асосан аз ширкати «Тенгезшевройл»-и Қазоқистон бо доллари ИМА харида мешавад.

“Бар асари таҳримҳои зидди Русия, аксарияти ширкатҳо ба рубли Русия гузаштанд. Ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои Русия бензин ва сӯзишвории дизелиро бо доллари ИМА намефурӯшанд.

Ҳамчунин бар асари таҳримҳои зидди Русия ширкатҳои тоҷикистонӣ ба мушкилоти логистика ва анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо дучор шуданд.Ба ин тариқ, пештар агар маҳсулот дар муддати 15-20 рӯз ба Тоҷикистон мерасид, айни замон он 1-1,5 моҳро ташкил медиҳад, чунки анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо ва логистика вақти зиёдтарро мегирад”, - иброз дошт ба “Азия-Плюс” муовини директори ҶДММ “Нуройл” Мурод Шукуров.

Кӣ дар бозори Тоҷикистон бозингари бузург маҳсуб меёбад?

Соҳибкор шарҳ медиҳад, ки тибқи қонунгузории Русия, маводи сӯзишвориро ширкатҳои хориҷӣ тариқи миёнаравон мехаранд, ки онҳо дар навбати худ,  барои 1 тонна бензин ё сӯзишвории дизелӣ 10-50 доллар (акнун бо рубл) комиссия мегиранд.

Сурат: Asia-Plus

Ин комиссияро ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” пардохт намекунад, зеро филиали Русия дар Тоҷикистон буда, маҳсулоти худро мустақиман ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳад ва аз ҳамин ҳисоб дар рақобат бартарӣ дорад.

Бозингари дигари асосӣ дар ин бозор Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат мебошад, ки зимни воридоти маводи сӯзишворӣ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст ва ин низ барои ниҳоди мазкур дар рақобат бартарӣ медиҳад.

Ба қавли соҳибкорон, Агентии мазкур низ  маводи сӯзишвориро бо рубли Русия интиқол медиҳад.

Моҳи июли соли равон “Азия-Плюс” бо мактуб ба Газпром муроҷиат намуд, лекин дар он ҷо аз шарҳ худдорӣ варзиданд. Дар Агентии захираҳои давлатии моддӣ низ ба саволҳо посух надоданд.

“Айни замон рақобат хеле шадид аст, аз ин рӯ, Агентӣ ва Газпром болоравии нархҳоро нигоҳ медоранд. Нархи пастеро, ки ин ду бозингар пешниҳод мекунанд, дигар бозингарон ба он имкон надоранд”, - мегӯяд Мурод Шукуров.

Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои начандон бузург даромади хеле ночиз мегиранд ва кор то ҷойе мерасад, ки нуқтаҳои фурғши онҳо дар саросари кишвар баста мешавад. Ҳозир онҳо асосан аз ширкати «Тенгезшевройл»-и Қазоқистон ба воридоти гази моеъ машғуланд.

“Газпром” низ гази моеъ интиқол медиҳад, лекин танҳо барои шабакаҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории худаш.

“Фарқият байни ду бозингари бузург (Газпром ва Агентӣ) дар бозори маводи сӯзишворӣ дар он ифода меёбад, ки маҳсулоти воридотии ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон нисбат ба маҳсулоти Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат, ки бахшҳои аграрӣ ва иҷтимоӣ, инчунин эҳтиёҷоти ҳарбиро таъмин мекунад, хушсифаттар аст”, -изҳор намуд соҳибкор.

Ҳамчунин имрӯзҳо ин ниҳод бензину сӯзишвории дизелӣ ва маводи сӯзишвориро бо нархҳои нисбатан паст ба бахши хусусӣ пешниҳод мекунад.

Тибқи маълумоти расмии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҷумҳурӣ, ширкати “Газпром”-и Русия воридкунандаи асосии маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ба Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар соли 2021 ҳудуди 41,62% бозори бензин, сӯзившории дизелӣ ва гази моеъ ба он рост меомад. Ширкатҳои боқимонда баъзан ба фурӯшандагони чаканаи онҳо табдил меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.