Дар Душанбе рӯзи 5 сентябр Форуми доираҳои кории Тоҷикистон ва Корея (Кореяи Ҷанубӣ) доир мегардад, хабар медиҳад намояндагии дипломатии Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон.

Дар ин чорабинӣ иштироки намояндагони зиёда аз 20 ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ, ки дар Қазоқистон ва Русия машғули коранд, дар назар аст.

“Ҳадафи вохӯрии мазкур фароҳам овардани шароит барои ширкатҳои Корея, ки ҷиҳати роҳ ёфтан ба бозори Тоҷикистон манфиатдоранд, роҳандозии муносибатҳо байни ҳамдигар, инчунин таъсиси шабакаи дастагирӣ байни ҳукумат ва ширкатҳо мебошад”, - омадааст дар хабари намояндагии дипломатӣ.

Бо назардошти ҳисоботи ҳамасолаи мақомоти сармоягузории ҷумҳурӣ, сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз Коореяи Ҷанубӣ қариб вуҷуд надорад.

Замони соҳибистиқлолии давлатӣ Тоҷикистон чандин бор талош варзид, ки аз ин кишвар сармоя ҷалб кунад, вале муваффақ нашуд.

Моҳи августи соли 2020 байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи “KOSHUMA” (Korean Smart Technology Association)-и Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Беш 180 ширкатҳои бонуфузӣ кореягӣ, истеҳсолкунандагони технологияҳои муосир аъзои Ассотсиатсияи мазкур мебошанд.

Дар Ёддошт татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар иқтисоди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сохтмон, саноат, энергетика ва технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҷалби сармояи кореягӣ пешбинӣ гардида буд.

Аммо аз ҳамон дам Ёддошти имзошуда ҳамагӣ мисли як “навиштаи хотиравӣ” боқӣ мондааст, ки аз лотинӣ ҳамин хел тарҷума мешавад.

Байни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ муносибатҳои начандон назарраси тиҷоратӣ вуҷуд доранд.

Мувофиқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, давоми моҳҳои январ июли соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ҳудуди 27,3 млн долларро ташкил додааст, ки 1,2% зиёдтар нисбат ба ҳмин давраи соли 2021 аст.

Дар ҳаҷми умумии савдои дуҷониба байни кишварҳо 99,3%-аш ба воридоти молу маҳсулот аз Кореяи Ҷанубӣ ба Тоҷикистон рост меояд.

Сурат: medt.tj

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта рӯзи 25 август вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар ҶТ Квон Донг Сок имконоти густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла робитаҳои сармоягузориро байни давлатҳо баррасӣ кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.