Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 100 млн доллар кумаки башардӯстона гирифт, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ҳарчанд шумори кишварҳои мададрасон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 қариб тағйир наёфта бошад ҳам (56 кишвар дар 8 моҳи соли равон ва 55 кишвар - дар ҳамин давраи соли 2021), маблағи умумии кумак 60% афзуд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ба ҷумҳурӣ аз 62 кишвар ба маблағи умумии 111 млн доллар кумаки ббашардӯстона ворид шудааст.

Кишварҳои асосии мададрасон дар моҳҳои январ-августи соли равон инҳо мебошанд: ИМА (33% аз маблағи умумии арзиш), Чин (28,7%), Ҳиндустон (5,9%), Ҷопон (4,7%), Русия (3,2%), Нидерланд (2,3%), Шветсия (2,2%), Дания (1,6%), Ӯзбекистон (1,5%).

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар байни 30 кишвари бештар камбизоати ҷаҳон қарор дорад, ки кумаки башардӯстона (молу маҳсулоти гуногун), инчунин аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ кумак пулӣ - грант, қарзҳои имтиёзнок (аз 0 то 2%) ва кумаки техникӣ мегиранд.

Байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон ягона давлате боқӣ мемонад, ки тибқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ аз рӯи сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба  ҳар сари аҳолӣ дар сафи кишварҳои сатҳи даромадашон паст қарор дорад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) чунин кишварҳо ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз 1026 долларрро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 ММД-и Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ ба 886 доллар баробар шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ММД-и ҷумҳурӣ ба 98,9 млрд сомонӣ (ҳудуди 8,8 млрд доллар) баробар шуда, шумори аҳолии доимии кишвар то 1 январ ба 9 млн 934,4 ҳазор нафар расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.