Дар бораи фурӯши 100% саҳмияҳои ташкилоти фаръӣ дар Тоҷикистон дар сомонаи филиал дар ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.
ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” (ББТ) ҳамаи расмиёти маъқул шумориданро аз Бонки миллӣ гирифт. Муомилот моҳи декабри соли 2022 ба анҷом мерасад.
Дар ҷараёни муомилот ва ҳатто ба охир расидани ҳамаи расмиёти зарурии гузариш, Бонк бо реҷаи муқаррарӣ кор карда, мувофиқи шартҳои созишномаи пешина ҳамаи навъҳои хидматрасонии бонкиро пешниҳод хоҳад кард.
“Дар бораи ҳеҷ як фурӯш ё ба ББТ гузаштани қарзу дороиҳо сухан намеравад. Бонк ба қабули пардохтҳо оид ба қарз мисли пешина идома медиҳад. Мизоҷони Халиқ бонк набояд қарзҳояшонро ба ББТ пардохт кунанд!”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Halyk Bank.
Дигар ҷузъиёти масъала, инчунин маблағи муомилоти хариду фурӯш ҳоло маълум нест.
Ҳанӯз тобистони соли 2021 “Бонки халқии Қазоқистон” (Halyk Bank) изҳор дошта буд, ки ният дорад бозори Тоҷикистонро тарк кунад: 30 июл шӯрои мудирон дар ихтиёран барҳамдиҳии таҳкилоти фаръӣ қарор қабул кард.
“Қарор дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои рушди бонки фаръӣ қабул карда шуд”, - зикр шуда буд дар хабар.
Пас аз қариб ду моҳ Halyk хабар дод, ки ташкилоти фаръӣ “бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият намуда, ҳама навъҳои хидматрасонии бонкиро пешниҳод ва ҳама гуна амалиёти бонкиро анҷом медиҳад.
Баъдан Halyk Bank дар бораи боздоштани амалиёти байнибонкӣ дар Тоҷикистон аз 1 декабри соли равон хабар дод.
Қобили зикр аст, ки воҳиди “Бонки халқии Қазоқистон” дар бозори миёнаравии молиявии Тоҷикистон аз соли 2008 фаъолият дорад.
Тибқи маълумоти БМТ, ҳаҷми сармояи оинномавии “Халиқ Бонк Тоҷикистон” 34,4 млн сомонӣ (3 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.





Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
Доллар боло, вале рубл поин рафт. Таъсири ҷанг алайҳи Эрон ба қурби асъор дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 марти соли 2026
Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд
Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста