Давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш - 11,3% кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, арзиши воридоти як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна қариб бетағйир - 487 доллар боқӣ мондааст.

Зиёда аз 86,2%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон, ҳудуди 8% - аз Ӯзбекистон, зиёда аз 5,5% - аз Русия ва 0,3% - аз Туркманистон харида шудааст.

Воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон - 505, Русия - 514 ва Туркманистон - 804 долларро ташкил медиҳад.

Нархи гази Қазоқистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 қариб бетағйир боқӣ монда, гази Ӯзбекистон қариб 2%, газ аз Русия - 17,8% арзон шуд, лекин гази Туркманистон баръакс, 1% қимат шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо 10 моҳи соли гузашта дар ҳамин давраи соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз рӯи вазн ба андозаи 30,1% ва аз рӯи арзиш - 80% зиёд шуд. Давоми моҳҳои январ-октябри ҳамин сол аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 645 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Ҳудуди 90%-и ин навъи маҳсулот тариқи имтиёзнок (бидуни пардохти боҷи содиротии гумрукӣ) аз Русия оварда мешавад.

Нархи чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Тоҷикистон аз оғози сол ба андозаи 15,1%, бензин - 10,9% поин рафта, арзиши сӯзившории дизелӣ (солярка), баръакс - ба миқдори 16,1% боло рафт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.