Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 101 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (91,3 млн доллар) 10,7% зиёдтар аст.

Даромад аз ҳисоби содироти неруи барқ дар моҳи октябри соли равон дар муқоиса бо моҳи гузашта 13 баробар - аз 17,1 млн то 1,3 млн доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,7%-ро ташкил додааст.

Мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (май-август) - ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар - то 40 МВт кам карда мешавад.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки DABS аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳоти Тоҷикитсон аз аввали даҳаи охири моҳи сентябр ба маҳдудияти интиқоли неруи барқ дучор мешаванд.

Нимаи моҳи октябр ШСХК “Барқи тоҷик” дар муроҷиати худ ба истеъмолгарон маҳдудияти истифодаи барқро камбуди захираҳои об дар робита ба камобӣ, инчунин баргузории корҳои таъмиру навсозӣ маънидод кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.