Дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар нархи гази моеъ барои имрӯз, 6-уми январ, 4 сомониву 90 дирам муайян шудааст. Он дар охири соли 2022-юм дар ин се шаҳри Тоҷикистон 5 сомониву 20 дирам арзиш дошт.
Қобили зикр аст, ки гази моеъ сӯзишвории асосии автомобилӣ дар Тоҷикистон аст ва тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз нисфи моликони автомашинаҳо аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Дар ин баробар, нархи дигар навъи сӯзишворӣ нисбат ба моҳи декабри соли 2022 баланд шудааст. Ҳоло дар Душанбе як литр бензини А-92 – 7 сомониву 80 дирам нарх дорад. Қаблан дар пойтахт ин навъи сӯзишворӣ 7 сомониву 50 дирам фурӯхта мешуд.
Бензини А-95 дар Душанбе 8 сомониву 20 дирам аст. Пештар он 8 сомонӣ арзиш дошт. Сӯзишвории дизелӣ бошад, қариб тағйир наёфтааст ва ҳоло аз 11 сомониву 80 дирам то 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд нархи сӯзишворӣ нисбатан арзонтар аст. Имрӯз дар шимоли кишвар нархи бензини АИ 92 7,80 сомонӣ, АИ 95 8,20 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 11,60 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Дар Бохтар бошад, арзиши 1 литр бензини А 92 аз 8 сомонӣ ва 1 литр сӯзишвории дизелӣ 12 сомониву 40 дирам аст.
Дар ин ҳол, коршиносон сабаби арзон шудани нархи гази моеъро ба хабаргузории “Суғд-ниюс” гуфтаанд, ба ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар вобаста аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.
Аммо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш - 11,3% кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, арзиши воридоти як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна қариб бетағйир - 487 доллар боқӣ мондааст.
Тоҷикистон зиёда аз 86,2%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон, ҳудуди 8% - аз Ӯзбекистон, зиёда аз 5,5% - аз Русия ва 0,3% - аз Туркманистон харид мекунад.
Ёдовар мешавем, ки воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон - 505, Русия - 514 ва Туркманистон - 804 долларро ташкил медиҳад.





Ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста