Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ширкати "Тад Дюти Фри" барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, иҷозатнома ба ин ширкат ба муҳлати 3 сол дода шудааст.

Дар хабари БМТ доир ба ин ширкат, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд номида шудааст, ягон маълумот дода намешавад. Дар манбаъҳои боз низ дар бораи ширкат маълумот дастрас нест.

Дюти-фри - ин як реҷаи савдо мебошад, ки дар он молу маҳсулот бо шарти ба хориҷи кишвар баровардан бидуни пардохти аксизу боҷҳо ва як қисмати андозҳо фурӯхта мешавад. Мағозаҳои дюти-фри маъмулан дар минтақаи бетараф ё худ нейтралӣ (дар “хати сафед”) дар фурудгоҳҳо, инчунин нуқтаҳои заминии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷойгир карда мешаванд.

Мувофиқи қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», амалиёт бо асъори хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти асосии танзими асъор Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

"Тад Дюти Фри"
Сурат аз airport.tj

Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби БМТ додашуда амалӣ карда мешавад, ки аз навъҳои зерин иборат аст:

- мағозаҳои савдои бебоҷ (duty-free shop);

- хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;

- нуқтаҳои мубодилаи асъори  шахсони ваколатдор;

- миёнаравӣ дар бозори байналмилалии  асъор.

Тайи ду соли ахир ВКХ Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия”, ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва “Сомон Эйр”, ҶДММ «Созидание» (оператори меҳмонхонаи - Hyatt Regency Dushanbe) ва ширкатии CHL INTERNATIONAL (оператори Hilton Dushanbe), инчунин ширкати "Скай Кейтеринг", ки ба таъмини хӯрок дар ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб машғул аст, чунин иҷозатномаҳо гирифта буданд.

Муҳлати маъмулӣ (стандартӣ)-и иҷозатнома 3 солро ташкил дода, бо ба охир расидани муҳлати он, барои идомаи анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ шахсони ҳуқуқии дахлдорро лозим аст, ки иҷозатномаи нав гиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.