Вазорати молияи Тоҷикистон корхонаҳои бузурги давлатии бештар зиёновари Тоҷикистонро номбар кард.

Дар садри рӯйхат ШСХК “Барқи тоҷик” қарор дорад, ки ҳозир ба сифати Ҷамъияти саҳҳомии кушода танҳо  иқтидорҳои истеҳсоли барқро идора мекунад.

Пас аз бозсозии ШСХК “Барқи тоҷик” дар заминаи он ду ширкати мустақил - ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои тақимоти барқ” таъсис дода шуданд, ки ба интиқол ва фурӯши барқ ба истеъмолгарони ниҳоӣ машғуланд.

Қарзи умумии собиқ энергохолдинг бо назардошти қарзҳои ҷалбгардида барои амалисозии лоиҳаҳои электроэнергетикӣ зиёда аз 32 млрд сомонӣ (3 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Қарзи умумии ҳамаи истехмолгарон дар назди ширкати “Барқи тоҷик” бошад, ҳамагӣ ба ҳудуди 3,7 млрд сомонӣ баробар аст.

Тамоми қарзҳои собиқ энергохолдинг, ҳам кридиторӣ ва дебиторӣ, ки то соли 2021 ба вуҷуд омадааст, дар тавозуни ҶСК”Барқи тоҷик” қарор мегиранд.

Дар ҷойи дуюм ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” қарор дорад, ки бар асари мушкилоти техникӣ ва молиявӣ, аз моҳи сентябри соли 2020 дигар парвозҳои мунтазам анҷом намедиҳад.

Қарзҳои “Тоҷик Эйр” 40 млн доллар арзёбӣ мешаванд, ки нисфи он бояд ба ширкати Skyroad Leasing-и Литва барои истифода ду ҳавопаймои он пардохт шавад. Ҳамчунин дар назди мақомоти андоз, бонку фурудгоҳҳо ва дигар ширкатҳои хидматрасон қарзҳо вуҷуд доранд.

Ҳамчунин дар Вазорати молия ба сафи корхонаҳои бештар зиёновар ҶСК “Адюминсохтмон”-ро низ шомил кардаанд, ки бастаи пурраи саҳмияҳои он ба “Ширкати алюминии тоҷик” тааллуқ дорад.

Маълумот дар бораи ҳаҷми қарзи ин корхона дар манбаъҳои боз дастрас нест.

ҶСК “НБО Роғун” низ дар байни корхонаҳои давлатии зиёновар номбар шудааст, ки ҳаҷми умумии қарзи он ҳанӯз дар соли 2020 зиёда аз 1 млрд сомониро ташкил медод.

Доир ба то кадом андоза тағйир ёфтани қарзи корхонаи мазкур тайи ду соли ахир маълумот пайдо кардан муяссар нашуд.

Ҳукумат барои наҷот талош варзида буд

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз соли 2019 ба сохторҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои тахирнопазир андешида шавад.

Шумори умумии чунин корхонаҳо дар кишвар 21 ададро ташкил медиҳад.

Бо ин мақсад Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ таъсис дода шуд.

Шӯрои таъсисёфта ба ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорисозии идоракунии корпоративӣ ва беҳбуди фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар он зиёда аз 50%-ро ташкил медиҳад, уҳдадор шуд.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Нисбатан бузуртаринашон миёни онҳо ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%) мебошанд.

Дар маҷмӯъ, қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали нимсолаи аввали соли гузашта каме бештар аз 53,5 млрд сомонӣ (5,2 млрд доллар)-ро ташкил дод.

Ҳиссаи корхонаҳои зиёновар аз теъдоди умумӣ ҳудуди 32%-ро ташкил дод.

Зиёда аз нисфи корхонаҳои зиёновар дар Душанбе ва минтақаи гирду атрофи он ҷойгир шудааст.

Ин асосан корхонаҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, бахши сохтмону нақлиёт ва соҳаи алоқа мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.