ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” истеъмолгарони вуҷуднадоштаи барқро ошкор кард. “Ҷонҳои мурда” тибқи маълумоти ин ширкат, барои кори дурусти низоми биллингӣ мушкил эҷод мекунанд.
“Солҳои пеш нерӯи барқи дар ҳаҷми зиёд истифодашуда ба истеъмолгарони маишӣ нисбат дода мешуд, ки ин дуруст нест, хабар медиҳад ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо истинод ба “Таҳлили барномаи биллингӣ”.
- Бо мақсади коҳиши нишондиҳандаи талафоти барқ, ба барнома истеъмолгарони вуҷуднадошта дохил шудаанд, ки то имрӯз барои кори дурусти он мушкил эҷод мекунанд”.
ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” пас аз бозсозии сохтори ШСКХ “Барқи тоҷик” (ба се ширкати мустақил ҷудо шудан) аз соли 2021 ба фурӯши барқ дар Тоҷикистон машғул аст.
Тибқи маълумоти ин ширкат, ба ҳолати 1 январи соли 2023 маблағи умумии қарзи андӯхта бо назардошти солҳои пешин ҳудуди 3,7 млрд сомонӣ (ҳудуди 340 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 40%-и он (наздики 1,5 млрд сомонӣ) ба истеъмолгарони маишӣ рост меояд.
Аҳолии кишвар ҳар бори нашр шудани чунин омор изҳор норозигӣ мекард. Мардум дар ҳайрат буданд, ки чӣ гуна ин миқдор қарзҳои ҳангуфт ҷамъ мешаванд, дар ҳоле ки бо таъхири пардохти маблағи барқи истифодашуда, ба хонаводаҳо интиқоли барқ қатъ мегардад.
Дар “Барқи тоҷик” қаблан зикр мекарданд, ки қисми асосии қарзи аҳолӣ пештар, асосан дар солҳои 90-ум ба вуҷуд омадааст.
Аммо чунин иддаоҳоро худи омори ширкати «Барқи тоҷик» рад мекунад: қарзи истеъмолгарони маишӣ (хонаводаҳо) аз 1 млрд сомонӣ дар аввали соли 2019 то 1,5 млрд сомонӣ дар аввали соли 2023 зиёд шудааст.
Дар байни корхонаҳо қарздори зиёд аз пардохти маблағи истифодаи барқ “Ширкати алюминии тоҷик” (488 млн сомонӣ) дониста мешавад.
Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ (470 млн сомонӣ), корхонаҳои бахши кишоварзӣ (210 млн сомонӣ).
Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ (96 млн сомонӣ), КВД “Обу корез” (76 млн сомонӣ), КМ “Тоҷиккимиёсаноат” (37 млн сомонӣ).
Раҳбарияти ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” зимни нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал хабар дод, ки дар зарфи 2 соли кори ин ширкат ҳаҷми умумии истифодаи барқи пардохтнашуда (қарзҳои дебиторӣ) 534 млн сомонӣ (52 млн доллар)-ро ташкил додааст.
Аввалин мулоқоти Шодӣ Ҳафиззода, сардори пешини “УБОП” дар маснади роҳбари дастгоҳи ВКД бо аҳли ҷомеа
Сохтмони Театри Маяковский моҳи май оғоз мешавад ва хароҷоти онро Русия ба зимма гирифтааст
Барои сохтани мактабҳо дар Тоҷикистон аз куҷо метавон беш аз 1 млрд сомонӣ пайдо кард?
Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад
Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста