Президенти Палатаи савдо ва саноати Доғистон Бадрутин Магомедов рӯзи 30 май зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода гуфтааст, Доғистон ба бунёди неругоҳҳои хурди барқи офтобӣ дар минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон омода аст, хабар медиҳад Интерфакс.
“Доғистон барои шумо, бахусус дар Помир, минтақаҳои баландкӯҳ метавонад неругоҳҳои хурди барқи офтобӣ созад. Ширкати мо ҶДММ “Дагкремний” дар сохтмони чунин неругоҳҳо дар Бангладеш ва Непал таҷриба дорад. Ва ба фикри ман, ин самти ояндадор аст”, - иброз доштааст Магомедов.
Ӯ илова намудааст, ки ҶСП “Мушорака”-и Доғистон, ки барои обрасонӣ (водопровод) қубур ва дигар қисмҳо истеҳсол мекунад, ба истеҳсоли обгармкунакҳои офтобӣ оғоз намуд.
“Миқдори начандон зиёди нури офтоб кофист, ки хонаи ҳамдиёрони шумо бо оби гарм таъмин бошад”, - шарҳ додааст Магомедов.
Тавре ки дар Телеграм-канали Вазорати рушди иқтисоди Доғистон хабар дода мешавад, Гулмаҳмадзода инчунин бо соҳибкорон дидору гуфтушунид кардааст.
“Ин вохӯрӣ ба рушди минбаъдаи ҳамкории мо мусоидат мекунад. Солҳои охир густариши робитаҳои тиҷоратиро байни кишварҳоямон мушоҳида мекунем. Доғистон ҷумҳурии аграрӣ буда, мо ба ҳамкорӣ бо шумо манфиатдорем. Нисбат ба содирот мо бештар ворид мекунем, лекин дар истеҳсоли пахта, меваҳои барвақтӣ, ангур, интиқоли мева ва хушкмева таҷрибаи хуб дорем”, - изҳор доштааст сафир.
Чаро Кӯлоб аз истифодаи неруи барқ 35 млн доллар қарздор шуд?
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Франк-Валтер Штайнмайер
Ширкати “Крокус Групп”-и Русия беш аз 40 млн рубл қарзаш аз муҳоҷирони тоҷикро пардохт кардааст
Гумруки Тоҷикистон: вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба эътидол омад
Таҳдиди 51 ҳазор сомонӣ ҷарима барои таҷлили зодрӯз
Пас аз 5 моҳи боздошт, Русия 26 шаҳрванди Тоҷикистонро хориҷ кард
Як ҳафтаи ҷаҳон: Оё Русия ба уҳдадориҳои иттифоқчигиаш нисбат ба дигар аъзои ИДМ содиқ мемонад?
“Манфиатдор нестем, аммо вазъ талаб мекунад”. “Барқи Тоҷик” аз эҳтимоли норасоии мавсимии неруи барқ хабар дод
Шаҳрҳои бе дӯкони рӯзномафурӯшии Суғд ва нашрияҳои бехаридор
Дар ҷашнвараи кинои Тошканд Тоҷикистон чӣ намоиш медиҳад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста