Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар маросими ифтитоҳи форуми байнулмилалии сармоягузории “Душанбе-2023” муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин изҳор дошт, ки ҳамкории мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ рушд мекунад.
“Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 лоиҳаи муштарак бо маблағи умумии зиёда аз 100 млрд рубл амалӣ мешавад”, - овардааст гуфтаҳои Хуснулинро хадамоти матбуоти ҳукумати Русия.
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, дар гардиши молу маҳсулоти Тоҷикитсон Русия зинаи аввалро ишғол намуда, “мо ба тавсеъаи минбаъдаи ҳамкориҳо идома медиҳем”.
Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Русия ва Тоҷикистон 18% - то 1,43 млрд доллар афзуд.
“Мо фаъолона ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунем: имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 130 млрд рубл сармоягузории андӯхта мутамарказ шудааст”, - гуфт ӯ.
Хуснулин илова кард, ки Русия ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор буда, форуми сармоягузорӣ дар муҳити тиҷоратии Русия таваҷҷуҳи зиёд ба бор овард.
Ба иттилои портали ҳукумати Русия, ба ҳайати Русия, ки Хуснулинро дар Душанбе ҳамроҳӣ мекард, 150 нафар намояндагони тиҷорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимият шомил буданд.
Дар форум як қатор созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд.
Марат Хуснулин зимни сафари корӣ ба Тоҷикитсон бо сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, инчунин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид кард.