Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” эълон кард, ки нархи карбамид то 3,6 сомонӣ барои 1 кило поин рафт. Қаблан он 7 сомонӣ нарх дошт.
Арзиши 1 халтаи вазнаш 50 килои кабамид 180 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2022 як халта карбамид 400 сомонӣ ва дар соли 2023 - 350 сомонӣ арзиш дошт.
Дар ин бора дар сомонаи расмии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад.
Дар Вазорат зикр мекунанд, ки аз ҳисоби истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дохили ҷумҳурӣ, Тоҷикистон воридоти нуриҳоро ба андозаи 12% кам кардааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар корхонаи “Азот” соли гузашта зиёда аз 36 ҳазор тонна нуриҳои азотӣ ва дар корхонаи кимиёвии “Ёвон” - 1,1 ҳазор тонна нуриҳои фосфорӣ истеҳсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, барои пурра таъмин сохтни кишвар бо ин маҳсулот ба Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ зарур аст. Бо ҳамин сабаб ҷумҳурӣ мисли пешин ба воридот вобаста мебошад.
Ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи 63 млн доллар 175,5 ҳазор тонна ва соли 2022 - ба маблағи 80 млн доллар 199,2 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ харид.
Дар сурати пурра коршоям будани хатҳои технологии корхонаи “Азот” ҳамасола истеҳсоли 123,6 ҳазор тонна аммиак ва 180 ҳазор тонна карбамид имкон дорад. Дар корхонаи “Талко Кемикал” дар Ёвон ҳамасола истеҳсоли то 75 ҳазор тонна маҳсулот ва ба ин васила ноил гардидан қатъи воридоти нуриҳои фосфорӣ пешбинӣ шудааст.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста