Пас аз болоравии нархи нерӯи барқ аз 1-уми январи соли равон қарзи ҶСК “Ширкати алюминии Тоҷикистон” (ТАЛКО) аз истифодаи нерӯи барқ дар 6 моҳи соли равон 40% ё 140 млн 755 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Дар ин бора Муҳаммад Ғуломов, менеҷери Раёсати назорати тақсимоти барқи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар нишасти матбуотии ин ниҳод рӯзи 6-уми август хабар дод.
Ӯ гуфт, ҳаҷми умумии қарзи ин корхонаи азими истеҳсолкунандаи алюминӣ то 1-уми июли соли равон 492,5 млн сомонӣ (зиёда аз 46 млн доллар)-ро ташкил додааст.
Ба таъкиди номбурда, афзоиши қарзи ТАЛКО дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 40% - аз 351,7 млн сомонӣ то 492,5 млн сомониро ташкил дод.
“Дар моҳи июл, пас аз гузаронидани баъзе корҳо, ширкат 90 млн сомонӣ пардохт намуд”, - изҳор дошт ӯ. Аммо кадом корҳо, маълум нест.
Ғуломов гуфт, ки тарафҳо мувофиқа кардаанд, ки ширкат ҳар моҳ 35 млн сомонӣ пардохт намояд.
Вай шарҳ дод, ки ба ин маблағ на танҳо қарзи ҷамъшуда, балки истеъмоли ҷории нерӯи барқи истеҳсолкунандаи алюмин (ба ҳисоби миёна 25 млн сомонӣ дар як моҳ) дохил мешавад.
Намояндаи ширкат таъкид кард, ки дар айни замон ТАЛКО дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 5,7 млн киловатт-соат нерӯи барқ мегирад. Ин ба тақрибан 10% аз нерӯи барқи истеҳсолшуда дар кишвар баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, ширкат нерӯи барқро бо нархи пасттарин дар кишвар - 15,57 дирам барои ҳар киловатт мегирад. Барои муқоиса, истеъмолкунандагони маишӣ барои нерӯи барқ 30,75 дирам ва дигар корхонаҳои саноатӣ - 60,65 дирам пардохт мекунанд.
Ҳамзамон, Ғуломов дар нишасти матбуотӣ аз шарҳи тафсилоти даъвои судии ширкат барои ситондани 37 миллион доллар аз ТАЛКО худдорӣ кард, аммо ваъда дод, ки рӯзҳои наздик ин маълуотро ба “Азия Плюс” дастрас хоҳад кард.
Ба иттилои Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” корхонаи алюминии Тоҷикистон ТАЛКО-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ (3,5 млн доллар) қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.
“Қарз ба соли 2020 рост меомадааст, лекин намояндаи Ширкати Алюминии Тоҷик мегӯяд, қисме аз ин маблағро пардохт кардаанд, вале аз сӯи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дуруст ҳисоббаробаркунӣ нашудааст,”-афзуд гуфт Хусрав Ҷалилзода, додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ, 1-уми август зимни нишасти хабарӣ.
Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ҳам гуфт, ки баррасии навбатии парвандаи мазкур, ки 15 июли соли ҷорӣ таъин шуда буд, бинобар тағйири роҳбарияти “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки ба додгоҳ ҳозир нашуд, мавқуф гузошта шудааст.
Ӯ илова кард, ки дар ҷараёни мурофиаи қаблӣ тарафҳо ба созиш наомаданд.
Баҳс байни “Барқи тоҷик” ва ТАЛКО аз ҳисоби пардохт нашудани нерӯи барқ аз аввали соли 2020 идома дорад. Дар тобистони ҳамон сол роҳбарияти “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки қарзи ТАЛКО аз рӯи истифодаи нерӯи барқ 415 млн сомонӣ (39,2 млн доллар бо қурби Бонки миллӣ ба ҳолати имрӯз)-ро ташкил медиҳад.
Он вақт ширкати алюминии Тоҷикистон дар як изҳорот ин даъвои “Барқи тоҷик”-ро рад карда, хабар дода буд, ки “давоми панҷ соли охир пули истифодаи барқ на танҳо пурра, балки барзиёд пардохт шудааст”.
Ба гуфтаи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти нерӯи барқ”, ки пас аз таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик” дар соли 2021 ба фурӯши нерӯи барқ машғул аст, ба додгоҳ муроҷиат кард.
“Заволи пиряхҳо” – филми мустанад оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон
Бидуни журнали анъанавӣ. Дар кадом мактабҳои Душанбе истифодаи журнали электронӣ ҷорӣ шудааст?
Artel. Бузургтарин фабрикаи истеҳсоли техникаи маишӣ чӣ тавр фаъолият мекунад?
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд
Китоби “Тоҷикон”-ро нагирифтед? Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ пурсед!
Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тарсутар аз тарсу”
Далер Назаров ҷоизаи давлатӣ гирифт
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои вилоят баста мешавад?
Дар Қирғизистон “Толибон”-ро махфиёна аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста