Ҷамъияти саҳҳомии «Фридом Банк Казахстан» дар Тоҷикистон корхонаи фаръии молиявӣ-қарзии худро боз мекунад. Дар ин бора узви Шӯрои мудирони ин бонк Айдос Жумагулов зимни сафари рӯзноманигорон (пресс-тур) ба Алмато хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, бо Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора тавофуқи пешакӣ ҳосил шудааст.
Жумагулов зикр кардааст, ки аз аз ҷумла дар назди бонк дар Тоҷикистон таъсиси IT-hub ба нақша гирифта шудааст, ки дар он намояндагони ҳарду кишвар метавонанд гирдиҳам омада, лоиҳаҳои нав (стартапҳол)-ро баррасӣ кунанд.
“Агар кадоме аз стартапҳо хоҳиши ба Тоҷикистон омаданро дошта бошанд, тавассути платформаи мо майдони бепул мегиранд”, - иброз дошт ӯ.
Номбурда таъкид доштааст, ки “кори бузург ба сомон расонида шуда, харитаи роҳ таҳия гардид, ки амал кардан мувофиқи он дар назар аст”.
“Мо хоҳони онем, ки баъди як вақти муайян платформа дуруст роҳандозӣ гардида, маҳсулот ва таҷрибаву сатҳи касбияти мо ба мардуми тоҷик манфиат орад”, - илова кардааст ӯ.
Қаблан моҳи апрели ҳамин сол Агентии танзим ва рушди бозори молиявии Қазоқистон дар бораи ба ҶС “Фридом Банк Казахстан” додани иҷоза барои таъсиси шикрати фаръии ҶСП Банк Фридом Финанс Таджикистан” хабар дод.
Саҳмиядори ягонаи бонк ҶС “Фридом Фиананс” мебошад, км 100%-и бастаҳои корхонае, ки дар Тоҷикистон таъсис дода мешавад, ба он тааллуқ дорад.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Қазоқистон, то 1 декабри соли 2023 аз лиҳози дороӣ дар бозори молиявии ин кишвар“Фридом Банк Казахстан” зинаи 8-умро ишғол мекард.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар Тоҷикистон ҶС “Казкоммерсбонк” фаъолият мекард, ки соли 2006 дар ҷумҳурӣ корхонаи фаръии худ - ҶСП “Казкоммерсбонк Тоҷикистон”-ро боз карда буд.
Моҳи майи соли 2019 “Халик банк Казахстан” “Казкоммерсбонк”-ро харида, мутаносибан “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” ҳамчун бонки фаръӣ ба “Халик банк Таджикистан” табдили ном кард.
Аммо моҳи майи соли 2022 бонки Қазоқистон бастаи пурраи саҳмияҳои “Халик Банк Таджикистан”-ро ба Бонки байнулмилалии Тоҷикистон фурӯхт. Моҳи сентябри соли 2023 мутобиқи тавофуқҳои пешакии ҷонибҳо ребрендинг гузаронида шуда, “Халик Банк Таджикистан” номи нав “АктивБанк”-ро гирифт.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, то 30 июни соли 2024 дар қаламрави Тоҷикистон 14 бонки анъанавӣ ва 1 бонки исломӣ фаъолият доранд.