Сатҳи талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон тайи соли охир каме коҳиш ёфта, лекин ҳоло ҳам ҳар 5-ум киловатти он талаф меёбад.
Мувофиқи маълумоти ширкатҳои электроэнергетикии кишвар, ҳаҷми умумии талафоти неруи барқ дар нимсолаи аввал 2 млрд 203,2 млн киловатт-соатро ташкил медиҳад, ки ба 21,3%-и неруи барқи истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ (10 млрд 366,9 млн кВт/соат) баробар аст.
Талафот ҳангоми истеҳсол ва интиқоли барқ, ки энергетикҳо онро ба талафоти техникӣ мансуб медонанд, начандон зиёд аст - мутаносибан – 0,44% (35,3 млн кВт*с) ва 3,35% (350,2 млн кВт*с). Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳандаҳо 0,48% ва 3,47%-ро ташкил медоданд.
Пас аз бозсозии сохтори энергохолдинг ҶСК “Барқи тоҷик” ба истеҳсоли неруи барқ ва ба интиқоли он то нуқтаҳои тақсимот ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” машғул мебошанд.
Неруи барқ ҳангоми тақсимоти он дар ҳаҷми зиёд талаф меёбад. Ба ин кор ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” машғул аст. Ин талафот ба талафоти тиҷоратӣ, яъне дуздиҳо мансуб аст.
Бино ба маълумоти ин ширкат, дар нимсолаи аввал зиёда аз 1 млрд 817,7 млн кВи*-/соат ё худ 20,09%-и барқи дастрасшуда талаф ёфтааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 250,2 млн кВт/соат ё худ 2,59% камтар мебошад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паём ба парлумон изҳор намуд, ки талафоти неруи барқ дар соли 2013 зиёда аз 4 млрд киловатт-соатро ташкил додааст ва ба ҳудуди 20%-и истеҳсоли соли гузашта баробар аст.
“Агар мо инро пешгирӣ кунем, неруи барқ ба ҳама кофӣ хоҳад буд”, - гуфт ӯ.
Тибқи арзёбии коршиносони мустақил, сарфи назар аз баргузории чорабиниҳои гуногун бо хароҷот миллионҳо маблағ, сатҳи талафоти неруи барқ дар кишвар воқеъан ҳам хеле баланд аст. Илова бар ин, бархе аз мутахассисон мегӯянд, сатҳи ҳақиқии талафот дар асл ду баробар зиёдтар буда, зиёда аз 40%-ро ташкил медиҳад.
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста