Сокинон ва муҳоҷирон аз деҳаи Ростровути ноҳияи Деваштич дар вилояти Суғд 2,5 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда, 12 километр роҳи деҳаи худро таъмир кардаанд. Ин деҳа бештар аз 10 ҳазор сокин дошта, роҳҳои он солҳо инҷониб таъмирталаб буд.
Ҳофизиддин Нуриддинзода, яке аз сокинони ин деҳа, ки дар ҷамъоварии маблағу таъмири роҳ саҳм гузоштааст, мегӯяд, иқдоми мазкур моҳи ноябри соли 2024 оғоз шуд ва 15-уми декабр, тақрибан дар муддати 45- рӯз 12 километр роҳи деҳа васеъ ва шағалпӯш карда шуд.
“Худи сокинони деҳа 888 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карданд. Бо 865 ҳазор сомонӣ бари роҳ аз 6 то 14 метр васеъ, шағалпӯш ва дар канори он қубури обрав партофта шуд”, - гуфт Ҳофизиддин Нуриддинзода.
Ӯ мегӯяд, ҳоло бештар аз 20 ҳазор сомонии дигар боқӣ мондааст ва ба замми ин, муҳоҷирон меҳнатӣ аз ин деҳа низ барои таъмири роҳ маблағ фиристодаанд.

“Чандин сокини деҳа, ки дар Русия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд, низ аз саҳмгузорӣ канор намонданд ва барои таъмири роҳ 15 миллион рубли русӣ (муодили 1,6 миллион сомонӣ) ирсол карданд. Ирсоли пул аз муҳоҷирон то ҳол идома дорад”, - зикр кард Ҳофизиддин Нуриддинзода.
Ӯ гуфт, ҳадаф доштанд бо пули ирсолкардаи муҳоҷирон роҳи васеъ ва шағалпӯшшударо мумфарш кунанд, аммо мутахассисони роҳсозӣ тавсия додаанд, ин корро фасли баҳор, пас аз поёни сардиҳо анҷом диҳанд.
“Хулоса кардем, ки пули ҷамъшударо дар хазина нигоҳ дорем ва баҳор бо он роҳро мумфарш кунем”, - гуфт Ҳофизиддин Нуриддинзода.

Ғайр аз ин, баъзе аз сокинони деҳа дар алоҳидагӣ низ дар таъмиру тармими роҳ саҳм мегузоранд. Масалан, Ҳусейни Мирзоҳақим ва додараш Оятуллоҳи Мирзоҳақим иқдом кардаанд, 3 клометри роҳи деҳаи Росровутро мушфарш кунанд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати таъмири роҳ дар Тоҷикистон бо пули сокинон ва муҳоҷирон нест. Қаблан низ сокинони манотиқи гуногуни кишвар барои таъмири роҳи минтақаашон ҳам худ ва ҳам аз ҳисоби ҳаммаллаҳои муҳоҷирашон пул ҷамъ карда буданд.
Аз ҷумла, соли 2022 бо саҳми соҳибкорони ноҳияи Ашт 94 километр роҳи “Хуҷанд-Ашт” мумфарш карда шуд.
Дар ноҳияи Восеъ низ бо иқдоми муҳоҷирон ҳам роҳ ва ҳам худи деҳа обод карда шуд.
Соли 2024 бошад, дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд бо саҳмгузории чанд нафаре аз сокинони деҳаҳои Суғдиён ва Ободӣ, ки барои ҳаҷ маблағ ҷамъ оварда буданд, қариб 4 километр роҳи ҷамоати Бунҷикат мумфарш карда шуд.
Пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил. Пешниҳод шудааст, ки ҷамъоварии маблағ аз зиммаи БДА гирифта шавад
Дар савдои дуҷониба бо Русия Тоҷикистон қариб пурра ба рубл гузашт
Сафари бароҳат бо як ангуштзанӣ. Чӣ тавр метавон осон ва бо нархи дастрас чиптаи ҳавопаймо харид?
Тоҷикистон дар Шохиси дарки коррупсия дар соли 2024 ҳамагӣ 19 хол гирифт. Ин хуб аст ё бад?
Дар як сол ба “Телефони боварӣ” барои муҳоҷирон қариб 2 ҳазор муроҷиат ворид шудааст
Бинои “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба Оҷонсии иноватсия доданду “Тоҷикистон”-у “Харбуза”-ро то ҳол нафурӯхтаанд
Беш аз 506 млн сомонӣ зарари молиявӣ. Қариб 400 кас ҷарима ва наздикӣ 40 корманд аз вазифа озод шудаанд
Сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон кистанд?
Идомаи моҷарои Таҳмина Самадова дар Русия. Муовини шаҳрдори Митиш боздошт шуд
Беш аз 20 корманди “Амонатбонк” барои изофанависӣ ва азхудкунии маблағҳо аз кор ронда шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста