То соли 2027 дигар ҳеҷ ниҳоде ба истиснои мақомоти андоз ҳақ надорад, ки фаъолияти соҳибкорон дар Тоҷикистонро санҷиш кунанд. Фармони президент дар бораи эълони мараторий дар санҷиши фаъолияти соҳибкорон дирӯз, 10-уми январи соли равон ба имзо расид.
Хадамоти матбуоти президенти кишвар бо нашри фармон ва тавзеҳот ба он навишт, ки он бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ татбиқ мешавад.
Мораторий аз 10-уми январи соли 2025 то 1 январи соли 2027 амал мекунад.
Тибқи фармони мазкур ҳукумати кишвар дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ҷиҳати татбиқи ин мораторий пешниҳод менамояд.
Ба иттилои манбаъ, муқаррароти Қонуни ҶТ "Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ", ки мораторийро танзим мекунад, дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амал намекунад.
Бояд гуфт, ки дар ин мораторий санҷишҳои мақомоти андоз истисно аст. Кумитаи андоз барои татбиқи пардохти андоз имкон дорад фаъолияти соҳибкоронро санҷад.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми охирини худ дар баробари ситоиши соҳибкорон, ҳамчунин аз санҷишҳои беасоси бархе мақомот аз фаъолияти онҳо нигаронӣ кард.
“Маълумотҳо ҳаст, ман омӯхта баромадам, баъзан ширкатҳо, корхонаҳо, ки масалан бо коркарди металҳои қимматбаҳо машғул аст, дар як сол 40, 25 маротиба санҷида шудаанд, лекин натиҷаи санҷиш сифр аст. “Маълум аст, ки дар инҷо санҷиш нест. Дигар, барои амалӣ кардани дигар кор аст. Мо ба ин корҳо хотима мебахшем”, -гуфт роҳбари давлат.
Бо ишора ба ин ӯ пешниҳод кард, ки дар робита ба санҷиши фаъолияти соҳибкорон дар кишвар мараторий эълон шавад.
Гуфтан ба маврид аст, ки соҳибкорон солҳост аз санҷишҳои мақомот ва ҷаримаҳои сангин шикоят мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар кишвар давоми солҳои 2008 - 2022 дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд: солҳои 2008, 2011, 2018, 2022.
Хадамоти матбуотии перизент гуфтааст, мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат намуд.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста