Имрӯз, 23-юми январи соли 2025 дар шаҳри Бохтар бо иштироки Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ ва Мануэл Микаллер? сафири ИМА дар Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии "Агро Олам" ифтитоҳ шуд. Озмоишгоҳ бо дастгирии ташкилоти байналмилалии "USAID" таъсис ёфта, ҳама таҳҷизоти озмоишгоҳ аз Амрико ворид карда шудааст.
Намояндагони озмоишгоҳ ба меҳмонон вобаста ба самти кор ва таҳҷизоти васлшуда маълумот дода, изҳор доштанд, ки онҳо метавонанд таркиби хокро омӯхта, ба хоҷагидорон чӣ гуна истифодаи ояндаи онро маслиҳат диҳанд. Ҳамчунин бемориҳои растаниро метавонанд ошкор кунанд.
Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки кӯшиш кунанд бо хоҷагидорон ҳамкориро ба роҳ монда, дар бардошти ҳосили фаровон дар вилоят мусоидат кунанд.
Ҳамчунин, раиси вилоят ҳамроҳи вазири кишоварзӣ ва сафири ИМА дар Тоҷикистон аз заминҳои як соҳибкори инфиродӣ, ки бештар ба парвариши қулфинай ва дигар зироатҳо машғул буд, дидан карданд.
Ин соҳибкор бо дастгирии молии «USAID» гармхонаи муосир бо таҳҷизоти замонавӣ барои парвариши ниҳолҳои қулфинаю помидор ва дигар полезиҳо сохта ба истифода додааст.
Вай зимни суҳбат бо раиси вилоят изҳор дошт, ки ҳама гуна раванди ғизодиҳи тариқи автоматикӣ сурат гирифта, обёрии ниҳолҳо бо роҳи обёрии қатрагӣ роҳандозӣ шудааст.
Ин соҳибкор илова кард, ки бо таъсиси ин гармхонаи муосир онҳо имкон доранд, деҳқонони минтақаро бо ниҳолҳои қулфинай ва помидору дигар сабзавотҳои барвақтии арзон таъмин намоянд.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста