Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” яке аз бонкҳои пурмоҷаро ва муфлисшуда дар Тоҷикистон, ки қаблан ба маблағи беш аз 125 млн сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд, баъди ба тавозуни Бонки миллӣ гузаштан, ба Оҷонсии иноватсия ва технологияи рақамӣ ба иҷора дода шудааст.
Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ др=з, 11-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, Вазорати молия аз Бонки миллӣ барои барқарор кардани вазъи молии “Тоҷиксодиротбонк” бинову иншоот ва амволи ин бонкро ба гарав гузошта, маблағ гирифта буд. Баъди муфлис шудани бонк амволи багаравгузошта, аз ҷумла бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” бар ивази маблағ ба тавозуни Бонки миллӣ гузашт. Акнун ин ниҳод бинои дар тавозуни худ қарордоштаро ба Оҷонсии иноватсия ва технологияҳои рақамӣ иҷора дод.
Раиси кумита нагуфт, ки бар ивази иҷора бонк аз оҷонсӣ чӣ қадар маблағ мегирад.

Бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”, ки молики он роҳбари бонк Тоҷиддин Пирзода гуфта мешуд, баъди муфлисшавӣ ба ҳисоби давлат гузашт ва аз соли 2022 дар фурӯш буд. Ҳадафи фурӯши амволи бонк баргардонидани маблағҳои бандмондаи муштариён гуфта мешавад.
Султон Раҳимзода ҳамчунин гуфт, биноҳои меҳмонхонаи маъруфи “Тоҷикистон”, ки беш аз 225 млн сомонӣ ва чойхонаи “Харбуза”, ки 34,9 миллион сомонӣ нарх гузошта шуда буданд, то ҳол нафурӯхтаанд.
Касе барои хариди ин биноҳо муроҷиат кардааст ё не, маълум нест. Раиси кумита дар ин бора чизе нагуфт.

Меҳмонхонаи “Тоҷикистон” аз соли 2022 инҷониб дар фурӯш аст. Нархи фурӯш он замони наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шуда буд.
Ин бино низ, ки моликияти Тоҷиддин Пирзода буд ва пас аз муфлисшавии бонк ба ҳисоби давлат гузаштаанд.
Ин меҳмонхона аз 139 ҳуҷра ва зиёда аз ду гектар замин иборат буда, масоҳати бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ гуфта мешавад.
Вале чойхонаи миллии маъруф ба “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор тирамоҳи соли гузашта ба фурӯш гузошта шуда буд. Он вақт Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ арзиши биноро 34,9 миллион сомонӣ (беш аз 3 миллион доллар) муайян карда буд.
Ин бино соли 2015 аз ҳисоби бо сармояи Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки Миллӣ ва “Агроинвестбонк” сохта шуда, бо тарҳи аҷибаш миёни мардум маъруф гашта буд. Дар гузашта чойхонаи “Харбуза” хусусӣ буд ва дар пайи қарздории “Агроинвестбонк” ба ҳисоби давлат гузашт.
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста