Ҳаҷми умумии сармояи хориҷӣ дар соли гузашта 4,9 млрд долларро ташкил кард, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 2,1 млрд доллар ё 72,7% бештар аст. Дар ин бора Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дирӯз, 11-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Аз ҳаҷми умумии сармояи воридшуда, 4,128 млрд доллар (84,2%) ба Душанбе, 761,2 млн доллар (15,5%) ба вилояти Суғд, 11,8 млн доллар (0,2%) ба вилояти Хатлон, 3,2 млн доллар (0,1%) ба шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва 1,3 млн доллар (0,1%) ба ВМКБ рост омадааст.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ гуфт, Чин ҳамоно сармоягузори асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад, вале ҳиссаи маблағгузорӣ аз ин кишвар соли гузашта нисбат ба солҳои гузашта камтар шудааст. Вале таҳлили оморӣ нишон медиҳад, ки баръакс сармояи Чин нисбат ба ду соли пеш афзоиш ёфтааст. Аз 109,2 млн доллари соли 2023 ба 150,9 млн доллар дар соли 2024 расидааст. Яъне наздики 41 млн доллар зиёд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Раҳимзода давоми солҳои 2007-2024 ҳиссаи маблағгузорӣ аз Чин аз 45,7% то 38%-ро кам шудааст.
“Ин раванди хуб аст. Иқтисоди Тоҷикистон тавонистааст таваҷҷуҳи кишварҳои амрикоиву аврупоиро низ ба худ ҷалб кунад, то сармоягузорӣ аз ин давлатҳо бештар шавад. Тоҷикистон, аслан, барои сармоягузорон пурра кушода нашудааст” - шарҳ дод Султон Раҳимзода.
Ҳамчунин, нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта давоми нимсолаи дуюм маблағгузорӣ аз Русия низ камтар шудааст. Дар ин давра, Британия мавқеи Русияро, ки сармоягузори сеюми мустақими Тоҷикистон буд, ишғол кардааст.

Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, аз сармояи умумӣ 394,3 млн доллар ё 8% сармояи мустақими хориҷӣ аст, ки ин нисбат ба соли 2023-юм 110,2 млн доллар ё 38,8% зиёд мебошад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, сармояи мустақим бештар ба соҳаи саноати коркард равона шудааст. Ҳиссаи сармояи мустақим ба ин соҳа 44,7%-ро ташкил медиҳад.

То ин дам, ҳиссаи бузурги сармоя аслан ба саноати истихроҷ равона мешуд. Масалан, воридоти сармояи хориҷӣ давоми солҳои 2014-2023 ба саноати истихроҷ 44,6% ва ба саноати коркард ҳамагӣ 22,6%-ро ташкил мекард. Дар соли 2024 бошад, маблағгузорӣ ба соҳаи коркард қариб ду баробар афзудааст.
“Яъне ҳоло бештари маҳсулоти хоме, ки дар кишвар истихроҷ мегардад, дар ҳамин ҷо коркард мешавад. Ин хуб аст, зеро ба маҳсулоти мо арзиши иловагӣ зам шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил мешаванд” - гуфт Султон Раҳимзода.
Ҳамчунин, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 90 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла 54 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 30 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант бо маблағи умумии 4756,8 млн доллар мавриди татбиқ қарор дорад.
Ба иттилои ин ниҳод, бо мақсади ҷалби сармояи мустақим ва ташкили ҷойҳои корӣ соли 2024-ум Кумитаи сармоягузорӣ 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 2,1 млрд доллар ба имзо расонидааст, ки дар сурати амали он дар кишвар 9000 ҷои корӣ сохта мешавад.
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста