Рӯзи 25-уми апрел дар шаҳри Маскав Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия вохӯрдааст.
Дар ин дидор, тибқи иттилоъи расмӣ, ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, маориф ва фарҳанг баррасӣ шудааст.
Қоҳир Расулзода таъкид кардааст, Русия шарики асосии Тоҷикистони дар тиҷорати берунӣ боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи Қоҳир Расулзода, гардиши савдо миёни ду кишвар дар як соли ахир ба 2 миллиард доллар наздик шуда, дар семоҳаи аввали соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 дарсад афзоиш ёфтааст.
Михаил Мишустин Тоҷикистонро “муҳимтарин шарики стратегии Русия дар Осиёи Марказӣ” хонда, гуфтааст, ки табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ 9% афзоиш ёфта, наздики 300 млн сомонӣ (23 миллиард рубл)-ро ташкил додаааст.
Ӯ афзудааст, ки зиёда аз 80 вилояти Русия бо Тоҷикистон робитаи тиҷорӣ доранд.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот ҷанбаҳои гуногунни ҳамкории тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.